06.11.2024, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.
Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.
Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Тавре ки ман дар яке аз суханрониҳои худ зикр карда будам, Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид.
Конститутсия сарчашмаи ташаккули низоми қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.
Ҳозирини арҷманд!
Дар зарфи 30 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин рӯзҳои босаодат ва дастоварду муваффақиятҳо масири бағоят сахту сангинро сипарӣ карданд.
Соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон зарурати дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани давлатдории миллӣ, муайян намудани шаклу сохтори он, арзишҳои бунёдии ҷомеа, аз ҷумла мақоми шахс ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии давлат ва арзишу принсипҳои ҷомеаи демократиро ба миён гузошт.
Маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии халқи Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт.
Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар ибтидои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи амалкунанда ва қонунҳо поймол шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва дар кишвар беҳокимиятиву бенизомӣ ҳукмфармо гардида буд.
Дар муддати як сол таҳти фишори гурӯҳу доираҳои манфиатхоҳ ду Президент ва панҷ Ҳукумат ба истеъфо рафт ва ин раванд боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Дар он марҳалаи тақдирсоз барои ба эътидол овардани вазъият, таъмин намудани суботи ҷомеа ва расидан ба ризоияту ваҳдати миллӣ зарур буд, ки сохти конститутсиониро барқарор сохта, қонунияту тартибот таъмин карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шавад.
Амалисозии ин вазифаи душвору мураккаб танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ оғоз гардид.
Дар масъалаи муайян намудани сохти давлатдории Тоҷикистон ман мақсади худро ҷиҳати барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар он иҷлосияи таърихӣ бо қатъият эълон кардам, зеро ин мақсаду мароми мардуми Тоҷикистон буд ва солҳои сипаришуда дурустии роҳи интихобкардаи моро собит намуданд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар он давраи мудҳиш таҳия кардани лоиҳаи Конститутсия кори осон набуд, вале масъалаи таҳияи қонуни асосии давлат ва ташаккули асосҳои конститутсионии давлатдории навин аз ҷумлаи заруратҳои муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мерафт.
Яъне дар баробари барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳалли вазифаҳои тақдирсоз, аз қабили қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот, қонунияту тартибот ва сарҷамъ намудани мардуми кишвар ҳарчи зудтар таҳия ва қабул кардани Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа буд.
Дар Иҷлосияи XVII-уми Шӯрои Олӣ масъалаи таҳияи Конститутсия баррасӣ гардид ва бо роҳбарии Сарвари давлат Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд.
Дар робита ба ин, қобили таъкид аст, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишори гурӯҳҳои қудратталаб, аъзои комиссияи конститутсионӣ ва умуман мардуми шарафманди тоҷик дар таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз иродаи устувор нишон дода, дар қонуни асосии давлат мақсаду мароми худро ифода карданд.
Дар раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия ҳайати комиссияи конститутсионӣ ба якчанд давлати пешрафтаи ҷаҳон бо мақсади омӯхтан ва истифодаи таҷрибаи онҳо фиристода шуд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд ва меъёрҳои онҳо дар Қонуни асосии мо дарҷ гардиданд.
Дар ҷараёни таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия, ки қариб ду сол идома пайдо кард, мардуми Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳоду дархости худро ба комиссия манзур намуданд.
Тамоми пешниҳодҳои воридшуда аз ҷониби комиссияи конститутсионӣ таҳлилу баррасӣ гардида, дар раванди таҳияи матни ниҳоии Конститутсия ба эътибор гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти комиссияи конститутсионӣ якмаром набуд.
Дар баъзе масъалаҳо байни аъзои комиссия баҳсҳои доманадор ба вуҷуд меомаданд, зеро он вақт таъсири мафкураву арзишҳои даврони гузашта ҳанӯз хеле қавӣ буд.
Таҳти таъсири чунин мафкура арзишҳои нави ҷомеа, аз ҷумла гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, баробарҳуқуқӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, иқтисоди бозаргонӣ, соҳибкорӣ ва монанди инҳо бо душворӣ қабул мешуданд.
Ин баҳсу мунозираҳо сабаби пайдо шудани ду мавқеъ доир ба интихоби шакли идоракунии давлатӣ дар Конститутсия – яке ҷумҳурии президентӣ ва дигаре ҷумҳурии парламентӣ гардиданд.
Доир ба ин масъала ман иброз намудам, ки муқобил гузоштани ин ду шакли идоракунии давлат дуруст нест, зеро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳар ду навъи ҷумҳурӣ қабул шудаанд ва бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву анъанавии онҳо амал мекунанд.
Барои мо дар он давра ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таъмин намудани амнияти мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт.
Ҳамчунин, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мафкуравии мардуми тоҷик ва барои баромадан аз ин вазъи даҳшатноки буҳронӣ таъсиси ҳокимияти нерӯманди мутамарказ, ягона ва муназзам зарур буд.
Бинобар ин, аъзои комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки барои шароити Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ шакли мувофиқ ва боэътимод мебошад ва аксари кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд.
Дар натиҷа ҷумҳурии президентӣ ҳамчун шакли идоракунии давлат дар лоиҳаи Конститутсия пешниҳод гардид.
Рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон бори дигар исбот намуд, ки мо дар интихоби шакли идоракунии давлатамон хато накардем.
Аъзои комиссия доир ба масъалаи тарзи қабули Конститутсия низ андешаҳои мухталиф доштанд.
Баъзеҳо аз ҷониби парламент қабул кардани Конститутсияро беҳтар медонистанд ва гурӯҳи дигар ҷонибдори қабули он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ буданд.
Вазъи сиёсии кишвар дар он давра моро водор намуд, ки лоиҳаи Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шавад.
Зеро ин тарзи қабул далели қатъии ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ буда, устувории Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрҳои онро таъмин намуда, қувваҳои гуногуни сиёсиро аз имконияти ҳар лаҳза ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он маҳрум месохт.
Тавре борҳо хотиррасон карда будам, вакилони Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи ҳамонвақта ҳатто дар як рӯз якчанд маротиба тағйирот ворид мекарданд, ки онҳо баъзан хилофи ҳамдигар буданд.
Парламенти онрӯза ба бозичаи дасти гурӯҳу неруҳои манфиатҷӯй ва қудратталаб табдил ёфта буд.
Дар чунин шароит ба назар гирифтани майлу иродаи мардум, ки аз тариқи раъйпурсӣ изҳор мешавад, барои тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди ҷомеа қатъӣ ва ҳатмӣ мегардад.
Шашуми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд.
Ошкоро ва ҳаматарафа баррасӣ гардидани лоиҳаи Конститутсия, ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудани он ва ниҳоят, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели қатъии дар асоси меъёрҳои демократии аз ҷониби умум эътирофшуда қабул гардидани ин санади тақдирсоз мебошад.
Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалин қонунҳои асосие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.
Ҳамватанони гиромӣ!
Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаи устувор гузоштанд.
Аввалан, ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд.
Дуюм, ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон намуд.
Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Сеюм, бори нахуст дар сатҳи Конститутсия муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат воситаи муҳимтарини ҳимояи конститутсионии сохти давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Чорум, Конститутсияи Тоҷикистон дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат кафолат додааст, ки ин баёнгари воқеан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Панҷум, таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ва амалӣ гардидани ҳуқуқҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар Конститутсия пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам баланд бардошта шавад.
Шашум, дар Конститутсия мустақилияти ҳокимияти судӣ эътироф гардидааст, яъне танҳо суди мустақил ва беғараз метавонад бо роҳи амалӣ кардани адолати судӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ ва арзишҳои шахс ва шаҳрвандро таъмин намояд.
Ҳафтум, волоияти Конститутсия нисбат ба тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Яъне Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ мебошад ва ягон санади дигари ҳуқуқӣ наметавонад Конститутсияро тағйир диҳад ё бар хилофи меъёрҳои он қабул карда шавад.
Ҳаштум, дар асоси принсипу меъёрҳои конститутсионӣ оид ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ва рушд ёфт.
Нӯҳум, дар заминаи Конститутсия волоияти қонун, ки муносибати давлатро бо ҷомеа дар асоси эътирофи манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид ва пойдории адолати иҷтимоӣ таъмин карда шуд.
Даҳум, бори нахуст ин ҳуҷҷати олии сиёсиву ҳуқуқӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд.
Ёздаҳум, дар Конститутсия фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият ва дигар арзишҳо, ки далели равшани мавҷуд будани низоми демократӣ дар мамлакат мебошанд, ифода ёфтаанд.
Ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шудани Конститутсияи Тоҷикистон гардидааст.
Дар робита ба ин, боз як нуктаи муҳимро таъкид бояд кард, ки қабули Конститутсия роҳро барои оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамвор сохт.
Дар натиҷаи татбиқи самараноки меъёрҳои конститутсионии зикршуда Тоҷикистон аз соли 2000 ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, солҳои охир афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна беш аз 8 фоиз таъмин шуда истодааст.
Чунин сатҳи афзоиш дар арсаи байналмилалӣ нишондиҳандаи баланди суръати рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳо дар Конститутсия вазифа ва уҳдадориҳои шаҳрвандони Тоҷикистон низ муқаррар карда шудаанд.
Аз ҷумла мутобиқи моддаи 10-уми Конститутсия давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд.
Ҳамчунин, мутобиқи муқаррароти моддаи 42-юми Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Қобили зикри хос аст, ки дар Конститутсия, ҳамчунин, масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар моддаи алоҳида зикр гардидааст.
Бояд гуфт, ки амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ, инчунин, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд аз сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум вобастагӣ дорад.
Мо соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудем, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳад.
Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад.
Ҳадаф аз иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Ҳамчунин, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсия, риояву иҷрои қонунҳо ва таъмин намудани волоияти қонун низ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, ҳадафи асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба он равона шудааст, ки эътирофу эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун ба ҳукми одату анъана табдил ёбад.
Зеро тавре равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳо бечунучаро риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун арзиши муҳимми давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад.
Бинобар ин, омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад ва аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бояд амалӣ карда шавад.
Бо ин мақсад, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ, шарҳу тафсири илмиву оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шаванд.
Аз ин лиҳоз, ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад.
Ҳозирини арҷманд!
Тавре зикр гардид, дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ Конститутсия нақши муҳим дорад.
Албатта, расидан ба ваҳдати миллӣ натиҷаи ақлу хиради миллати бостонии тоҷик мебошад ва ба имзо расидани санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт, нақши арзишманд бозид.
Имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии миллати фарҳангсолори тоҷик ба мактаби ибратомӯзи ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ мубаддал гардидааст.
Шароити пуртазоди замони муосир ва бозиҳои геосиёсӣ, таҳдиди ғояҳои хатарбор ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони имрӯза тамоми афроди ҷомеаро водор месозанд, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Ман ҳамеша таъкид менамоям ва итминони комил дорам, ки мардуми фарҳангсолору тамаддунсози мо ба қадру қимати ваҳдат ва сулҳу субот мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегонаи хатарзо мафкураи ҷомеаи моро таҳти таъсир қарор дода, суботу оромии кишвар ва ваҳдати миллиамонро халалдор созанд.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, омили оромиву осудагӣ, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Ҳамватанони азиз!
Рушди устувори ҷомеа, хусусан, дар давлатҳое, ки дар марҳалаи тараққиёт қарор доранд, талаб мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.
Ин, дар навбати худ, ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Такмили Конститутсия, ҳамчунин, ба густариши минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ташаккулёбӣ ва таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он ва мукаммалу самаранок гардидани низоми мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Чунин амал, ҳамчунин, заминаи зарурии ҳуқуқиро барои кафолати риояву ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муҳайё месозад.
Конститутсияи Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ такмил дода, ба он тағйиру иловаҳои муҳимму зарурӣ ворид карда шуданд.
Тағйиру иловаҳои соли 1999 дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардид.
Ин тағйиру иловаҳо асосан ба ташкил ва фаъолияти парламенти касбӣ дахл дошта, дар натиҷа боби сеюми Конститутсия дар таҳрири нав қабул гардид.
Бо дарназардошти тағйиру иловаҳои соли 1999 сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун гардида, он ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар иборат аз ду палата таъсис дода шуд.
Соли 2016 ба Конститутсия доир ба шакли идоракунии давлат, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷалби васеи шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ меъёрҳои хеле муҳим ворид карда шуданд.
Такмили низоми ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат ва судяҳои мақомоти судӣ низ аз ҷумлаи меъёрҳои муҳимми соли 2016 ба Конститутсия воридгардида мебошанд.
Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳое, ки се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ворид карда шуданд, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои онро такмил дода, ба рушди устувори минбаъдаи кишвар мусоидат намуданд.
Конститутсия асоси низоми қонунгузории мамлакат буда, дар заминаи он қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул карда мешаванд.
Санадҳои зикршуда соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатро ба танзим дароварда, ба рушди босуръату устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат мусоидат мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар Конститутсия принсипу арзишҳои низоми ҳуқуқии кишвар сабт гардиданд.
Яъне дар ин санади олӣ ҳамчун сарчашмаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асоси низоми нави қонунгузории мамлакат гузошта шуд ва дар заминаи ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ қонунгузории нави давлати Тоҷикистон ташаккул ёфт.
Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ дар таҳкиму такмили ҳокимияти давлатӣ, ташкилу фаъолияти он, низоми мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо нақши калидӣ дорад.
Чунин ҳамкорӣ дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад.
Ин принсип яке аз арзишҳои ҷаҳони мутамаддин буда, имкон медиҳад, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ мустақилона фаъолият ва ҳамкорӣ намоянд.
Солҳои сипаришуда нишон доданд, ки чунин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ ба манфиати халқ ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мебошад.
Ҳамватанони гиромӣ!
Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ин санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд.
Конститутсия, ҳамчунин, барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид.
Ин санади таърихӣ, инчунин, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро муайян намуда, низоми мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар кард ва механизми амалигардонии онҳоро кафолат дод.
Бо гузашти сӣ сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯйи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.
Яъне бунёди ҷомеаи муосири озоду демократӣ, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон, рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба мо маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар гардид.
Итминони комил дорам, ки Конститутсия ҳамчун санади роҳнамову сарнавиштсози таърихӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона бори дигар тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон – санади тақдирсози ҷомеа ва давлат – самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки дар хонадони ҳар як фарди мамлакат сулҳу амонӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор ҳамеша пойдор бошад.
Бигзор, Конститутсия ҳамчун яке аз муқаддасоти миллии мо барои истиқлолу озодии давлату давлатдории мустақили тоҷикон, пешрафти устувори он, кафили доимии амнияту суботи кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>