Ба Президент, ба Ватан содиқона хизмат мекунем!
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.
Ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи бригадаи зудамал (қисми ҳарбии 3571) таъсис дода шуда, то соли 2004 ҳамчун Гвардияи Президент фаъолият кардааст. 26 уми январи соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи Президент ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудааст.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар афсарону сарбозони гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳайати шахсии гвардия аз рӯзҳои аввал ба боварию эътимод по ба арсаи ҳастӣ гузошта, дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар майдони ҳарбу зарб ғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва роҳбарияти ҷумҳурӣ гардид. Хизматҳои 302 нафар бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардидааст, ки 79 нафарашон пас аз марг мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд, давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медорад.
Фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 июли соли 2004, таҳти №50 ба роҳ монда шуда, вазифаҳои асосии онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳифз ва мудофиаи иншооти махсусан муҳими давлатӣ, иштирок намудан дар маросимҳои қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, таъмин намудани амнияти шахсони расмӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои маросимӣ, ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ буда, ҳамчунин мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллӣ дар чорабиниҳои вобаста ба таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди терроризм ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаҳо мусоидат мекунад.
Тӯли 26 соли фаъолияти пурсамар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра такмил ёфта, аз як қисми ҳарбӣ ба як сохтори муқтадири қудратӣ табдил ёфтааст. Айни замон қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ қариб дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият карда, ҳайати шахсии он баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаашон содиқона хизмат мекунанд.
Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки моҳи январи соли 2004 ба сохтори Гвардияи миллӣ ворид карда шуд, қисмҳои ҳарбӣ батадриҷ мукаммал гардида, таъминоти хайати шахсӣ бо аслиҳаву техника, лавозимот, муҳимоти ҷангии ҳозиразамон, таъминоти молиявӣ, моддии хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардид. Ҳамчунин, корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҳама қисмҳои ҳарбии гвардия вусъати тоза гирифт. Аз ҷумла, синфхонаву биноҳои таълимӣ, хобгоҳу ошхонаҳои сарбозон, майдончаҳои таълимӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳӣ ва дигар мавзеъҳои барои хизмат зарур аз нав, инчунин бинову иншооти иловагӣ сохта шуданд. Ҳайати шахсӣ аз ҳисоби афсарони касбӣ, мутахассисони ботаҷрибаву лаёқатманд ва дорои дараҷаи баланди тахассусӣ пурра гардонида шуд. Соли 2005 бори аввал хайати шахсии ротаи Қаровули фахрии Гвардияи миллӣ машқҳои махсуси низомиро намоиш дода, бо тантана дар назди Сарвари давлат савганд ёд кард, бо чунин ибораҳо анҷом меёфт: Ба Президент, ба Ватан ва халқи бузурги тоҷик содиқона хизмат мекунем! Аз ҳамин рӯз ин шиори кулли ҳайати шахсӣ гардида, дар ҳама лаҳзаҳои тантанавӣ ва расмӣ аз қалби хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ садо медиҳад.
Яке аз самтҳои муҳим дар фаъолияти Гвардияи миллӣ тарбия намудани кадрҳои баландихтисос ва лаёқатманди касбӣ мебошад. Сафҳои Гвардияи миллӣ аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таълимоти ҳарбии кишвар ва хориҷи он, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, пурра гардонида мешавад. Дар баробари ин Гвардияи миллӣ имкон дорад, ки дар Маркази тайёрии кадрҳо ва таълимоти ҳарбии худ, мутахасисони хурд, прапоршикон ва афсарони ҷавонро барои идома додани хизмат дар ҷузъу томҳои гвардия омода намояд. Ҳар сол марказро даҳҳо нафар мутахассисони соҳаи ҳарбӣ, аз ҷумла мерганҳо, тирандозони силоҳи гуногуни ҷангӣ, нишонгиру ронанда, командирони экипаж дар техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, алоқачиён хатм мекунанд. Хатмкардагонии курсҳои мазкур, ки аз ҳисоби беҳтарин хизматчиёни ҳарбӣ интихоб мешаванд, дар оянда барои такмил додани донишу маҳорати ҳарбӣ барои таҳсил ба муассисаҳои олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он фиристода мешаванд. Мусаллам аст, ки онҳо дар оянда ҳамчун захираи кадрҳои низомӣ дар таъмини амният ва ҳифзу мудофиаи кишвар нақши муҳим доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ, беҳтар намудани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии афсарону сарбозон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо мақсади такмил додани қобилияти ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ Маркази миллии мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир сохта ба истифода дода шудааст. Масоҳати марказ 110 гектарро дар бар гирифта, аз машқгоҳҳои муҷаҳҳази замонавӣ барои тирпаронӣ аз силоҳи гуногун, майдонҳои ронандагӣ, биноҳои баландошёна ва макет-маҳалҳои аҳолинишин барои гузаронидани машқҳои махсус ва нуқтаҳои назорат иборат буда, барои фароғату истироҳати ҳайати шахсӣ хобгоҳу ошхона ва нуқтаҳои маишӣ сохта шудааст. Марказ барои гузаронидани машқҳои низомӣ ва мусобиқаҳои васеи ҳарбӣ бо иштироки ҳайати зиёди хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқ мебошад. Айни замон дар ин марказ хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои қудратии кишвар ҳам ба тамрин машғул мешавад.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз вазифаҳои асосии гвардия ҳифзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин вазифаи ифтихориро Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ иҷро мекунад. 18 ноябри соли 2006 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нав оғоз гардид. Дар маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст бо тамоми меъёрҳои ҳуқуқиву таърихӣ баргузор гардид, шарафи баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори баргузории масросим ба зиммаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вогузор шуда буд. Ин шарафи бузургро аз Фармондеҳ то сарбози қаторӣ бо ифтихор ва садоқат ба ҷо оварданд.
3-юми сентябри соли 2010 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани Байрақи Ҷангии Гвардияи миллӣ иштирок намуданд. Қабули савганди садоқат ба Президент, ба Ватан ва халқи бузурги тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати ҳарбиёна анҷом дода шуд. Аз ин лаҳзаи фараҳбахш ҳайати шахсии Гвардия боз ҳам дучанд, бо азму иродаи қавӣ, мустаҳкаму матин, баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватани азиз ва баҳри иҷрои намунавии вазифаҳои хизмативу ҷангӣ, ки қарзи муқаддаси ҳар як ватандор аст, устуворона қадам мегузорад. Маҳз дар ҳамин чорабинии тантанавӣ бори аввал ҳайати шахсии Қаравули Фахрӣ машқҳои махсуси низомиро бо сару либосҳои нав, ки бо нақшу нигор ва рамзу нишонҳои фарқкунандаи миллӣ ороиш ёфта, хусусиятҳои хоси артишу давлатдории тоҷиконро аз таърихи ниёгон муаррифӣ менамояд, иҷро карданд.
Аз соли 2010 инҷониб мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 3-юми сентябр Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонувон ва мавқеи онҳо дар Артиши миллӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Аз ҷумла, дар самти таъминоти сарбозон бо озуқа ва сару либос, тозагӣ ва тандурустии хизматчиёни ҳарбӣ. Ин ташаббуси Сарфармондеҳи Олиро метавон гуфт, ки дар Гвардияи миллӣ ба пуррагӣ татбиқ гардидааст. Хизматчиёни ҳарбӣ-занон дар Гвардияи миллӣ саҳми арзанда доранд. Фаъолияти онҳо дар самти корҳои тарбиявӣ, коргузорӣ, кор бо кадрҳо, хизматрасонии тиббӣ, алоқа, хадамоти ақибгоҳ хеле назаррас мебошад. Қисме аз онҳо хизматро дар вазифаҳои роҳбарикунанда пеш мебаранд. Қобили зикр аст, ки соли 2010 бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бонувон- хизматиёни ҳарбии гвардия дар ҳайати 53 нафар (як қуттӣ) дар паради ҳарбӣ ба муносибати 15 - солагии Гвардияи миллӣ иштирок карданд. Ҳузури бонувон дар ин гузашти низомӣ шукӯҳи ҷамъомадро афзун намуда, ҳамчун нишони садоқату самимият ба Ватан аз ҷониби Сарвари давлат хеле хуб пазируфта шуд. Аз ин баъд иштироки занону бонувони низомӣ дар Парадҳои ҳарбӣ анъана гардид.
30 августи соли 2011 дар маросими афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баландии он 165 метрро ташкил медиҳад, хайати шахсии Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии давлат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстии халқи тоҷик, афрохта мешавад, ки дар маросими тантанавии он Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ иштирок мекунад. Дар ин маросимҳо оркестри ҳарбӣ-нафасии Гвардияи миллӣ ҳайати шахсии Баталёни қаровули фахриро ҳамроҳӣ менамояд.
Маълум аст, ки мавқеи ҳар як сохтори низомиро дараҷаи омодабошии ҷангӣ, таъминоти аслиҳаву техника, интизом ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ муайян мекунад. Гвардияи миллӣ ба ғайр аз машқҳои саҳроӣ, чорабинӣ ва машғулиятҳои гуногуни ҳарбие, ки дар гвардия доир мегарданд, ҳар сол дар асоси ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомии дохиливу хориҷи кишвар дар машқҳои тактикӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои сохторҳои қудратӣ, тамринҳои муштараки таълимӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, қобилияту дониши ҳарбии хешро такмил медиҳанд. Аз ҷумла дар машқҳои васеи низомӣ, ки дар якҷоягӣ бо Қувваҳои дастҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ фаъолона ширкат мекунад.
Фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизматӣ, яъне мунтазам беҳтар кардани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат қарор дорад. Дар тӯли 25 соли фаъолият 475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 оила бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудааст.
Хизмат дар сафҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ифтихорӣ мебошад. Ин ҷо ҷавонон бо азму иродаи қавӣ хизмати ҳарбиро ихтиёр карда, таълим мегиранд. Бештари онҳо баъди ба итмом расидани муҳлати муқарраргардидаи ҳатмии хизмати ҳарбӣ, ки ду солро дар бар мегирад, дар рӯҳияи ҷасорату мардонагӣ, дӯст доштани Модар-Ватан ва садоқат ба Президенту халқи бузурги тоҷик тарбия ёфта, хизматро дар ҳамин сохтори бонуфузи низомӣ идома медиҳанд.
Қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷузъу томҳои таъиноташон гуногун иборатанд, вазифаҳои муҳими хизматиро иҷро карда, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои низомии кишвар вазифаҳои алоҳидаро оид ба ҳимояи Истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд.