Терроризм ва экстремизм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Мафҳуми “терроризм” аз калимаи лотинӣ “teror” сарчашма гирифта, мазмуни даҳшат, ваҳм, воҳима, хавф, офат, тарс, ҳарос таҳдидро дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз 14 апрели соли 2000 дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Вена оиди «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ» қайд намуда буданд: “Аз замоне, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолият шуд, дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ оид ба терроризм ва гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иқтисоди бозоргонӣ пеш меравад. Андешаҳои экстремистӣ ва зуҳури амалҳои террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои бадхоҳ ба пешрафт, сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ҷараëни бонизоми давлатдориву давлатсозиро халалдор мекунад. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона мебошад.
Таҳлили сабабу омилҳои содир шудани амалиёти террористӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксарият заминаи экстремизми динӣ дошта, ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиëсӣ содир шудаанд. Ашхоси шинохта, ходимони сиëсӣ, олимон, нерӯҳои ҳомии сулҳ, рӯзноманигорон, хизматчиёни давлатӣ ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтанд. Албатта, ин ақидаву амалкардҳо маҳсули зеҳну фарҳанги миллати тоҷик набуда, балки таъсири душманони миллат аз хориҷи кишвар буд ва тарҳи пешакӣ омодашуда зина ба зина амалӣ мешуд. Ҳамин ки авзои ҷамъиятию сиёсӣ муташанниҷ гардид, тундравони мазҳабӣ ва террористон ба қатли намояндагони илму фарҳанг, ходимони давлативу дин, ғорати молу мулки онҳо, тахриби даҳҳо корхонаю ташкилот, муассисоҳои фарҳангӣ даст заданд. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Ҳувайдуллоев, академик М. Осимӣ, вакилони парлумони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон М. Назаршоев, А. Олимов, С. Кенҷаев, М. Шералиев, олимони шинохта Ю.Исҳокӣ, М. Ғуломов, муовини сарвазири ҷумҳурӣ И. Назриев, хабарнигорони шинохта М. Олимпур ва Д. Раҳмоналиев ва дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар аз дасти террористон ба қатл расиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, кӯштори одамони бегуноҳ ва ба вартаи нобудӣ расондани миллат зинаи охир ва мақсади асосии экстремистону террористон буд, ки хушбахтона, амалӣ нашуд.
Ҳодисаву воқеаҳои охир далели он аст, ки террористони байналмилалӣ зери ливои экстремизми сиёсӣ ва таассуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.
Боиси таассуф аст, ки ҷомеаи ҷаҳон то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ ба терроризм муқобил баромада, ҳамзамон терроризми байналмилалӣ дар мамлакатҳо ва минтақаҳои дигар ба ин ё он восита дастгирӣ ёфта, террористонро муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи инсон қаламдод карданӣ мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-уми апрели соли 2001, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон қайд намуданд, ки яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳиме, ки дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ ва умуман ҷомеа истодааст, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ ва пеш аз ҳама ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстремизм ва ҳама навъҳои зуҳуроти он мебошад.
Таҳким ёфтани суботи ҷамъиятию сиёсӣ ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бобати иҷрои фармон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин гузаронидани дигар чорабиниҳои муайян, ки ба мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ натиҷаҳои мусбат дода истодаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон 3 апрели соли 2008 дар сесияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ чунин қайд намуданд: «Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмилалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз проблемаҳои муҳимтаринест, ки имрӯз инсоният дучори он гаштааст, дастгирӣ менамояд. Мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда, мутобиқати амали ҳамаи ҷомеаи ҷаҳониро оид ба решакан кардани он дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ зарур меҳисобем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии ҳуд медонад.
Барои мубориза бар зиди терроризм бояд ҳамаи давлатҳо мувофиқи шартнома якҷо амал намоянд, барои он ки дар давраи муосир ин масъалаи умумиҷаҳонӣ мебошад. Мо бояд бар зидди зуҳуроти номатлуб ва даҳшатфикани аср, аз ҷумла қонуншиканӣ, ришвахӯрӣ, зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон, хариду фурӯши одамон, терроризм ва экстремизм, ки садди роҳи пешрафти ҷамеаи ҷаҳонӣ мегарданд, муташаккилона мубориза барем.
Подполковники гвардия
Шӯҳрат САТТОРЗОДА