Асри 21-ро асри илму техника ва технология меноманд ва ин ҳамаи моро водор месозад, то аз навгониҳои ҷаҳон бохабар бошему барои пешрафти кори худ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ аз технологияи замони муосир истифода намоем.
Техника ва технологияи иттилоотӣ, махсусан шабакаи интернет барои ҷаҳонбинӣ нақши басо ҳам муҳим доранд ва рушди босуръати онҳо зиндагии мардумро ба куллӣ тағйир додаст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро маҳз техника ва технология ба вуҷуд овард. Ҳамарӯза даҳҳо техникаҳои нав кашф ва ба истифода дода шуда, равишҳои корӣ оҳиста - оҳиста аз як шакл ба шакли дигар, инчунин аз намуди коғазӣ ба намуди электронӣ гузашта истодааст. Ин таъсиррасониро агар мо мусбӣ арзёбӣ намоем, аз ҷониби дигар аз таъсирҳои манфии он низ наметавон чашм пушид.
Кашф гардидани компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин кашфиёти асри ХХ ба шумор меравад. Аммо дар асри ХХI ин раванд, яъне электронигардонӣ якбора суръати баланд гирифта, кору зиндагии мардумро аз як ҷониб ба маротиб осон намуда, аз ҷониби дигар таъсирҳои манфиро пеш овард.
Агар мо аз рӯи ақлу хирад техника ва технологияро дурӯст ва бомаврид истифода намоем, пас мо бурд кардему ин муваффақияти мост ва агар баръакс бошад, пас моро хатари ҷиддие таҳдид менамояд.
Барои мисол, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба пешрафти фаъолияти инсон таъсири мусбӣ расонида, тараққиёти он муаррифии тамоми соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд, аз ҷониби дигар гаравиши аҳолӣ, алалхусус ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ зиёд намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамқадам бо давлатҳои дигари ҷаҳонӣ, пайи тараққӣ ва рушдёбии тамоми соҳаҳои муҳим тадбирандешӣ намуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар онҳо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин қайд намудаанд: «Бо дар назардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».
Лозим ба ёдоварист, ки тули солҳои охир тамоми гурӯҳҳои мақсадҳояшон гуногун барои паҳн ва расонидани хабарҳои дуруғин, инчунин таблиғ ва ҷой намудани мақсадҳои нопоки худ дар шуури омма, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, алалхусус воситаҳои интернетиро фишанги асосии худ қарор додаанд.
Экстремизм ва терроризм мисли вирусе мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонро олуда карда, барои аз дарун вайрону нобуд кардани он замина тайёр менамоянд. Ҳамин аст, ки дар ҳама гӯшаҳои олам бароипешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб семинарҳо, конференсия, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Соли 2021 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон равона созанд.
Аз ҳама силоҳи пуриқтидор ба зидди экстремизм ва терроризм ин зиракии сиёсӣ мебошад, ки онро ҷавҳари асосии нерӯи давлатдорию давлатсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ медонанд.
Роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеаҳои сарпечида, хатару бозиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пушида, таҳаввулоти ногаҳонӣ, сӯиқасдҳо ва даҳҳо мушкилоти дигар аст. Ҳамаи ин монеаҳоро мо танҳо бо доштани ҳамон силоҳи пуриқтидор зиракии сиёсӣ гузашта метавонем. Имрӯз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлоият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ мебошад.
майори гвардия Саидзода Фирӯз,
қисми ҳарбии 051060