Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Як сомонӣ ҳам пора аст

430 Дар доираи машғулиятҳои фанни тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ дар толори қисми ҳарбии 051052 бо хизматчиёни ҳарбии раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ ва қисмҳои ҳарбие, ки дар наздикии фармондеҳии Гвардияи миллӣ воқеъ гардидаанд, бо мақсади татбиқи барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ, яъне “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамоиш баргузор гардид. Подполковники адлия Розиқзода Ҳасан, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва капитани адлия Аҳлиддинзода Муҳриддин, сарнозири ҳамин шубаи раёсати агентӣ доир ба зарурияти қабули стратегияи мазкур барои давраи то соли 2030 маълумот дода, моҳият, ҳадаф ва самтҳои асосии онро ба хизматчиёни ҳарбӣ шарҳ доданд.
430 Таъкид шуд, ки “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” давоми мантиқии кафолати ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамагон барои амалишавии он масъулияти зиёд доранд. Баъд аз таҳлилу баррасии самтҳои асосии стратегияи мазкур ва барномаи амали он дар идораҳои давлатӣ, аз ҷониби хизматчиёни харбӣ доир ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҳаёти ҳамарўза, саволҳо пешниҳод карда шуд. Намояндагони агентӣ ба саволҳои хизматчиёни ҳарбӣ посух дода, таъкид намуданд, ки гирифтан ва ё додани пора дар ҳама шаклу ҳолат, ҳатто миёнаравӣ тибқи қонунҳои амалкунанда новобаста аз миқдор ҷавобгарӣ доранд. Яъне, як сомонӣ ҳам пора аст.
Воқеан, коррупсия дар ҷомеа яке аз масъалаҳои нигаронкунанда эътироф шуда, муқовимат бар зидди он вазифаи асосии хизматчиёни давлатӣ ва ҳар фарди некбинӣ ҷомеа мебошад.


Капитани гвардия
Неъматуллои Холиқ

14.02.2022

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.