16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зи ту бикшода шуд бахти Ватан, Эмомалӣ Раҳмон,
Нишон шуд аз Каён тахти Ватан, Эмомалӣ Раҳмон.
Дар осмон ситораи оне дурахшонтар аст, ки ботинаш аз нури ҳақиқату адолат сафое дорад. Барои ба мартабаи ҳақпарастиву адолат расидан хирад, ростӣ ва мардумӣ (инсонпарварӣ, мурувват, одамгарӣ) бояд дошт, то чигунагии обу оташ ва хоку ҳаворо дар нусхаи асл бишносӣ.
Мардуми тоҷик чунин сифатҳои некро дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат омаданашон дарёфтанд ва бо дастуру ҳидоятҳои ин абармарди беҳамто ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мемонанд. Имрӯз дар Тоҷикистони азиз сулҳу субот ва оромию ҳамдигарфаҳмӣ тантана дораду мардуми шукргузори он бо амнияти комил фаро гирифта шудаанд. Заводу фабрикаҳои нав ба нав, иморатҳои замонавӣ, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, гулгашту хиёбонҳо, донишгоҳҳо, мактабу литсейҳо ва боғчаҳои бачагонаи бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳони муосир қоматафрохта, ки симои шаҳрро ба куллӣ дигар намудаанд, бо азму талошҳои сарвари давлатамон пайванди ногусастанӣ доранд. Бо шарофати хираду кордонии Пешвои дурандеш, пас аз садсолаҳо оқибат тоҷик худро шинохту исбот намуд, ки решаҳои пайдоиши ин миллати баруманд, ба умқи таърих рафта мерасад. Ин марди асил дар равонаш ростию хирадро парварда, роҳи мардумиро пеша карду ҷамъеро ба манзили мақсуд расонд. Дар мадди аввал пеши роҳи хунрезӣ гирифт. Бародар бародарро шинохту ҳамсоя ҳамсояро. Ба ҳар хона, ба ҳар кӯю дар ва ба тамоми Тоҷикистон сулҳ овард. Сарвари некирода аз ҷони хеш гузар карду мардуми заҳматкашро аз вартаи нобудшавӣ раҳо кард ва баҳри пурталотуми тӯфони Нуҳ бархостаро бо сафинаи раийят бе мамониат убур намуд. Дастоварди беназире, ки пас аз Истиқлоли кишвар бо заҳмату талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик касб намуданд, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Бар асари мудохилаи ошкор аз хориҷи кишвар, доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик давлатдории миллӣ зери хатари ҷиддӣ монда буд. Аммо Сарвари беназири тоҷикон дар кӯтоҳтари замон ниҳодҳои асосии давлатдориро, ки бар асари ҷанги таҳмилӣ фалач гардида буданд, эҳё ва барқарор намуданд. Ҳамчунин бо ҳисси баланди ватандӯстӣ масъулияти муқаддасу таърихиро ба уҳда гирифта, давлатдории миллиро аз вартаи нестӣ наҷот доданд.
Қадами таърихии дигари Сарвари давлат роҳи пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон буд, ки он ҳам ҳалли худро бо заҳмати зиёд дарёфт. Музокироти сулҳи тоҷикон ҳудуди чор сол тӯл кашида, дар нуҳ даври гуфтушунид чил санаду созишномаи муҳим ба имзо расид. Билохира адолат ва ақли солим тантана карду Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид.
Гурезагонро ба ватани аҷдодӣ баргардонда, манзилҳои харобгардидаро обод намуданд, ки ин ҳам яке аз масъалаҳои умдаи рӯз ба шумор мерафт. Ба ҳама мушкилиҳои пеш меомад, роҳбари давлат ба чашми хирад нигариста, ба натиҷаҳои дилхоҳ мушарраф мешуданд. Ба ин маънӣ бузургон фармудаанд:
Ҳар шоҳ, ки ӯ нияти худ рост кунад,
Ёбад зи Худой он чӣ дархост кунад.
Роҳсозию роҳдорӣ аз қадимулайём омили пешрафти ҷомеаи инсонӣ, тиҷорат, фарҳанг ва ривоҷ додани муносибатҳои дӯстӣ мебошад. Пас аз Истиқлол сохтан ва азнавсозии роҳҳои дохили кишвар оғоз гардид. Дар ин давра бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма, Душанбе – Саритош, Қурғонтеппа – Дӯстӣ, нақбҳои мошингузар дар ағбаҳои Анзоб, Шаҳристон, Чормағзак, Шаршар, роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа, Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва тамоми роҳҳои дохили пойтахт ва новоҳии гирду атроф сохта ва азнавсозӣ гардиданд.
Талошу заҳматҳои Роҳбари давлат буд, ки симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба куллӣ дигар шуда, кишвари сайёҳӣ эълон шудааст. Мақоми зан дар ҷомеаи муосир баланд бардошта шуда, ҷалби занон ба вазифаи давлатӣ бештар шудааст.
Сарвари давлат ҳамеша ба ҷавонон такя намуда, онҳоро неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт меноманд ва таъкид месозанд: «…ҷавонон бояд қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвари азизамон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд».
Корномаи Сарвари кишварамон дарси бузурги садоқату ватандорист, ки номи ӯро на танҳо дар кишвари азизамон, балки дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Таърихи навини тоҷикон бо номи фарзанди содиқу баруманди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайванди ҷовидони дорад ва мардуми шарифи тоҷик рӯзи Президент, яъне рӯзи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои садоқатмандонаи Роҳбари кишварро бо дили гарму хотири шод, дар фазои сулҳу субот ва оромию ҳамдигарфаҳмӣ ҷашн мегиранд.
Аҳли кишвар аз корномаи бузургу ватанпарварона ва шуҳрату эътибори ҷаҳонии Пешвои муаззами худ ифтихор намуда, бо ҳидоятҳои созандаву роҳнамоиҳои хирадмандонаи ин абармарди таърих пайваста пеш мераванд.
Саодат Сатторӣ