Бо Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2022 санаи 12-уми феврал ҳамчун «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» эълон карда шудааст ва санади мазкур ба кишварҳои аъзои СММ тавсия медиҳад, ки ин рӯзро бо баргузории ҳар гуна чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, ки ба пешгирии тундгароӣ ва экстремизму терроризм равона шудаанд, таҷлил намоянд.
Бо ин мақсад санаи 12 феврали соли 2026 бо ташаббуси Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи миллӣ дар толори қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» мулоқоти муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва афсарони Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бо ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии 051052, 051055 ва 051064 ташкилу баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим Юсуф - муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва дигар масъулини самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бо маърӯза баромад намуда, доир ба экстремизму терроризм, тундгароиву хурофотпарастӣ, сабабу омилҳои гаравиши ҷавонон ба созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва роҳу воситаҳои муосири ҷалби шаҳрвандон ба ин гурӯҳҳо суханронӣ намуда, амалҳои хоинонаву ноҷавонмардона, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари амалҳои террористию экстремистӣ, мақсаду ниятҳои нопоку барғалати содиркунандагони чунин амалҳо ва хоҷагони хориҷии онҳоро маҳкум намуда, ба хизматчиёни ҳарбӣ вобаста ба огоҳмандиву аз даст надодани зиракии сиёсӣ як қатор дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Дар робита ба ин мавзӯъ, муовини командири қисми ҳарбии 051055 оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковники гвардия Ҳамрозода Фурқат баҳри боз ҳам ҷолибу хотирмон гардидани чорабинӣ аз ашъори эҷоднамудаи худ якчанд шеърҳоро қироат намуд, ки боиси қаноатмандии иштирокчиён гардид.
Дар идома сержантону сарбозони гвардия суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро доир ба амалҳои террористию экстремистӣ ва оқибатҳои ногувори он иброз намуданд. Ҳамхизматони худро барои ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, омӯзиши илму ҳунар, садоқатмандӣ ба Ватану миллат даъват намуданд.
Ҳамзамон, дар асоси ҳамкории Гвардияи миллӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қисмҳои ҳарбӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо якқатор чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
полковники гвардия Фарҳод Музаффариён