Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии фармондеҳии Гвардияи миллӣ ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ вохӯрии афсарон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ полковники гвардия Маҳмаднаим Собириён, афсарони раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ, афсарони қисмҳои ҳарбии 051052, 051053, 051054, 051055 ва 051064 иштирок доштанд.
Полковники гвардия Маҳмаднаим Собириён вохӯриро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард. Сипас аз мақсаду маром ва моҳияти вохӯрӣ ибрози андеша намуд. Ҳозиринро ба диққат, таҳлил, андешаронӣ ва баррасии мавзуъҳои муҳим, ки дар вохӯрӣ баён мешуданд, даъват намуд.
Дар аввал подполковники адлия Раҳимзода Шералӣ Амирхон, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боби ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, методология, тағйиру илова ба онҳо, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ҷиноятҳои коруписонӣ ва дигар ҳолату воқеаҳои нангин маълумот дод. Ҳозиринро, ки ҳар рӯз метавонанд бо чунин лаҳзаҳо рӯ ба рӯ шаванд, ба мубориза ва пешгирӣ даъват намуд. Ҳамчунин барои тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи тозакорӣ, нигоҳ доштани дасти адолат, ҳалол хӯрдану ба ростӣ ҳидоят кардани фарзандон, аз ҷумла сарбозон, ки ҳамагӣ дар қавонуни кишвар омадааст, ибрози андеша кард.
Маърӯзаи Мирзораҳмат Дилоев, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Абуҳанифа дар ноҳияи Сино аз боби сабру таҳаммул, садоқату муҳаббат, ҷасорату мардонагӣ, диловариву ватандӯстӣ оғоз шуд. Номбурда бо нутқи пурмуҳтаво аз таърихи дини Ислом, ҳадису бузурггуфтаҳои олимону мутафаккирони аҳли Ислом сухан гуфта, ҳадисеро аз Имом Бухорӣ овард, ки «Як рӯз дар ҳифзи Ватан иҷрои вазифа кардан, ба 72 рӯзи ибодат баробар аст». Ҳамчунин дар мавзӯи исроф дар таълимоти дини Ислом сухан гуфта, аҳли толорро ба шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат, файзу баракати истиқлолият ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват кард. Ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ аз Худованди мутаол имону амон, дар ҳифзи Ватан садоқат, ҷасорату мардонагӣ талаб намуд. Дар ҷавоб шунавандагон бо кафкубӣ аз суханони пандомӯзи имомхатиб ҷонибдорӣ карданд.
Амир Иброҳимзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон оғоз намуд.Ба муносибати 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла насли ҷавони кишвар мебошад. Ватандӯстиву худшиносӣ, эҳтироми волидон, ҳифзи муқаддасот, нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, волоияти қонун, пешгири аз таҳдиду хатарҳои замони муосир: хушунат, хиёнат, бегонапарастӣ, ифродгароӣ, терроризм мавзуи суҳбати номбурда буд. Дар баробари ин Иброҳимзода тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавононро барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти наврасону ҷавонон ба ҳозирин расонд.
Дар охир барои ҳамкорӣ ва дастгирии доимии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои иштироки фаъолонаи Оркестри ҳарбии гвардия дар ҷорабиниҳои тантанавии ҷавонон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии оркестр, Сипосномаву Ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Комилзода Хайринисо