Санаи 26 июни соли 2025 бо ташаббуси роҳбарияти қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори қисми ҳарбӣ ҳамоиши илмӣ – назариявӣ доир карда шуд. Дар кори ҳамоиш командири қисми ҳарбӣ полковники гвардия Олим Раҳимзода, аълочии матбуоти Тоҷикистон Маҳмудҷон Ализода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номзади илми ҳуқуқ Баҳодур Абдуллозода, устодони Маркази тайёрии кадрҳо ва ҳайати шахсии афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ иштирок доштанд. Нахуст Маҳмудҷон Ализода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, доир ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, роҳҳои асосии расидан ба ин дастоварди бузурги таърихӣ иброзӣ назар намуд. Ҳамзамон сарбозону афсаронро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфт.
Сипас, командири қисми ҳарбӣ полковники гвардия Олим Раҳимзода маърӯзаи хешро доир ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ баён дошта, зикр кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуда, нобасомониҳо саросари кишварро фаро гирифт. Гурӯҳҳои манфиатхоҳ кӯшиш мекарданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон вазъи сиёсии кишварро мураккабу ноором боқӣ гузоранд. Ягона роҳи асосии аз байн бурдани тамоми даргириҳо ва муътадил нигоҳ доштани вазъият дар кишвар ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор буд. Хушбахтона 27-уми июни соли 1997 бо заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ Баҳодур Абдуллозода вобаста ба музокиротҳои суръатгирифта барои расидан ба истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ андешаҳояшро зикр намуда, санаи 27 июни соли 1997-ро ҳамчун давраи оғози сулҳу субот ва санаи бунёдкориҳову созандагиҳо унвон кард.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ-назариявӣ собиқадорони соҳаи хизмати ҳарбӣ полковники эҳтиётӣ Эмомалӣ Зайналов ва капитани эҳтиётӣ Барно Раҳматова суханронӣ намуда, дар робита ба нақши калиди доштани Ваҳдати миллӣ дар тинҷиву оромии кишвар ва ҳамзамон таъсири сулҳу сарҷамъии миллат ба Артиши миллӣ андешаҳояшонро баён доштанд.
Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо қироати мисраҳои шеърӣ дар бораи сулҳу ваҳдат, ҳимояи марзу буми кишвар аз ҷониби як гурӯҳ сарбозони қисми ҳарбӣ анҷом ёфт.
Майори гвардия
Неъматуллои Холиқ