Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз 16 июн то 19 июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ корвони “Модарони ваҳдатсаро” ташкилу ба роҳ монда шуд. Дар корвони мазкур зиёда аз 100 нафар фаъолзанону бонувони касбу кори гуногун аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, ба шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун сафар карданд. Зимни сафар бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар баробари ин аз қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ мулоқоту вохуриҳои судманд баргузор карданд.
Дар доираи ин сафар иштирокдорони корвони “Модарони ваҳдатсаро” рӯзи 18 июн бо шароит ва буду бошӣ сарбозони қисми ҳарбии 051059-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Иштирокчиёни корвони мазкур аз ошхона, майдони сафороӣ, хобгоҳи сарбозон, синфхонаҳои дарсӣ ва майдончаҳои варзишӣ дидан намуданд. Ҳамзамон дар қисми ҳарбии 051059 маҳфили адабӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир карданд. Зимни маҳфил модарону бонувон доир ба шуҷоату мардонагии ҷавонон, муҳаббат ба Тоҷикистони бишиҳтосо, ҳифзу ҳимояи ин кишвари аҷдодӣ ибрози назар намуда, онҳоро барои хизмати содиқонаву софдилона ҳидоят карданд. Таъкид карданд, ки имрӯз шумо сарбозон ҳастед, ки мо орому осоиштаем ва бо шумо сарбаланду ифтихормандем. Дар доираи маҳфил сарбозон низ суҳбати озоду ошкоро барпо намуда, дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва омода буданашон дар ҳифзи мамлакат иброзӣ андеша намуданд.
Бояд инро ҳам ёдовар шавем, ки дар саҳни ҳавлии қисми ҳарби 051059 намоиши маҳсулоти хоҷагии ёрирасони қисми ҳарбӣ ташкил карда шуд. “Модарони ваҳдатсаро” бо маҳсули меҳнати сарбозон ва хоҷагидорон аз наздик шинос шуданд.
Родмардон