Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар қисми ҳарбии 051052 ҳамоиш доир гардид, ки дар он афсарону сарбозон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар иштирок доштанд.
Дар ҳамоиши мазкур А. Иброҳимзода сардори раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. Рустамзода Директори Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ва Д. Неъматова роҳбари маҳфили “Ватанпарвар” иштирок намуданд.
Сардори шуъбачаи раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковники гвардия Музаффариён Фарҳод ҳозиринро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба меҳмонон супорид. Маърӯзачиён оид ба Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ қайд намуданд, ки он санаи сарнавиштсози давлату миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамчун заминаи асосӣ дар рушду инкишофи ҳамаи бахшҳои ҳаётан муҳими кишвар нақши муассир гузоштааст. Иштирокчиёни ҳамоиш аз таърихи баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки маҳз ҳамин иҷлосия барои таъмини амният ва сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳарчанд зиддияту мубориза байни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки аз хориҷи кишвар идора мешуданд, идома дошт, вале дар дили мардум умед ба оянда пайдо шуд. Зеро нафаре аз минбари баланд ваъда дод, ки тақдири миллату давлати тоҷикро бар дӯш мегирад. Ин шахси бузург, қаҳрамону диловари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҳамин иҷлосия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аввалин сухане, ки ба забон овард “Ман ба шумо сулҳ меорам” буд. Мардуми сарсону ҳайрони кишвар оҳиста-оҳиста ба ҳаёти осоишта гузашта, гурезаҳо баргаштанд, сохтору мақомоти фалаҷгаштаи давлатӣ ба кор даромад. Бо як сухан: Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Андешаҳои баъдии меҳмонон низ перомуни хизматҳои шоиста, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Таъкид шуд, ки мо бояд ба қадри ин заҳмату ҷонбозиҳо расем. Неъматҳои бузург, яъне сулҳу ваҳдати миллӣ, озодиву амният ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбубро ба ҷону дил нигаҳбон бошем.
Қобили зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаву ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳмгузор аст. Намояндагони Кумита дар шаҳру навоҳӣ пайваста бо афсарону сарбозон чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, варзишӣ доир менамоянд. Ба ифтихори 30 - солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмун, фаъолону беҳтарин иштирокчиёни барномаҳои давлатӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фарҳангии ҳамоиш дар саҳни қисми ҳарбии 051052 идома ёфт ва дар он дононишҷуёни Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо суруду таронаҳои ватандӯстона, инчунин сарбозон аз Оркестри ҳарбӣ ҳунарнамоӣ карданд. Намоиши махсуси низомӣ бо карабин, ки аз тарафи ҳайати шахсии ротаи Қаровули фахрии Гвардияи миллӣ иҷро карда шуд, шукуҳу шаҳомати чорабинии фарҳангӣ гардид.
Вохурии аҳли илму адаб, ходимони давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони дигар соҳаҳои муҳими идораҳои давлатӣ дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ идома дорад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа