Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

То нафаси охирин содиқ мемонем!

430 Дар қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори сержантону сарбозоне, ки тибқи даъват хизмати ҳатмии ҳарбиро ду сол бо муваффақият анҷом дода, ба эҳтиёт рухсат шудаанд, ҷамъомади тантанавӣ, баргузор гардид. Тибқи анъанаи низомиён Парчами ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдон бароварда шуда, 430таҳти оҳанги оркестри ҳарбӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас, сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори гвардия Ҷонибек Ализода сарбозонро табрик намуда, таъкид кард, ки Шумо муддати ду соли хизмат таълим гирифта, маҳорату малакаи ҳарбӣ омӯхтед. Аз дониш, таҷриба, 430масъулияти ҳар яки Шумо на танҳо падару модар, инчунин Ватану миллат умеди калон доранд. Боварии комил дорам, ки аз ин баъд ҳам Шумо бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳамеша дастовардҳои кишвари соҳибистиқлолро муҳофизу нигаҳбон ҳастед ва ба савганди ёдкардаи худ то нафаси охирин содиқ мемонед.
Қисмати фараҳбахшу хотирмони ҷамъомад 430маросими хайрбод буд, ки сарбозон бо яке аз муқаддастарин нишонҳои хизмати ҳарбӣ-байрақи ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамеша ҳамсафу фахри онҳо буд, хайрбод гуфтанд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ ба сарбозону сержантон, ки хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба итмом расониданд, дар ҳузури наваскарон ва командирони ҷузъу томҳо билети ҳарбӣ ва ба чанде аз фаъолони чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ ифтихорнома ва мактубҳои минатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.
Ҷамъомади тантанавиро таҳти оҳангҳои мутантани ҳарбӣ расми гузашти низомӣ анҷом бахшид. Албатта, ҳар як амали шоиста боиси сарбаландӣ, ифтихору шараф аст. Ба хусус хизмати Модар- Ватан, ки анҷом додани он яке аз меъёрҳои ҷавонмардӣ мебошад ва он дар ҳама давру замон қарзу вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста мешавад.



Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.