Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки дар маҷмӯъ ба кулли мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд ин зуҳурот нав нест, вале дар замони муосир симои нав гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилу мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Мутаассифона, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки созмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ташкилоти Лашкари Тайба”, “Боко-Ҳарам”, ба ном “Давлати исломӣ”, “Таҳрир-аш-Шам”, “Толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Ихвон-ул-муслимин” (Братья-мусульмане) ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд ва ҳадафу мароми аслии онҳо нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти муғризонаи ташкилоту созмонҳои зикршуда, алалхусус ба ном “Давлати исломӣ” тули даҳсолаи охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу саргардон шуданд. Пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ ва Афғонистон мебинем.
Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Мутаассифона, дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо ном “исломӣ” аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, бадбинии мардуми олам нисбат ба дини мубини ислом ба вуҷуд меоварад. Аз ҷониби дигар барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа ба манфиати касе нест. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.
То имрӯз аз ҷониби донишмандон, ходимони дину давлат ва сиёсат сабаб ва омилҳои пайдоиш ва зуҳури терроризму экстремизм мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифтааст. Қисме аз олимон пайдоиш чунин амалҳои манфиро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳ ва ҳаракатҳо пайваста ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва сатҳи пасти тафаккури маънавӣ шахсро ба ин роҳ водор месозад.
Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳо, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, миллатгароӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд. Дар ин миён барои аҳли башар терроризму экстремизми диниро аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоӣ дошта, дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр маврид ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд. Ҳол он ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум буда, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.
Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бомаърифат, махсусан ҷавонон, ки қисми асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд, бояд аз ин афкори ғалат, ашхоси манфур худро дар канор гиранд. Дар ҷустуҷӯ, омӯзиш ва аз пайи ғанӣ гардондани маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд. То ин ки дар таҳкими суботи сиёсии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар яки мо вобастагии зиёд дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор дода шудаанд.
Дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалӣ намудани онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи тамоми қишрҳои ҷомеа зарур мебошад. Яъне, имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир муборизаи беамон барем.
подполковники гвардия Сатторзода Ш.
қисми ҳарбии 051056