Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарбози қаторӣ то афсарони олирутба санаи 21 декабри соли 2021 соати 10:00 дақиқа дар раёсати фармондеҳӣ ва қисмҳои ҳарбӣ пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ дастаҷамъона тамошо намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакат, аз ҷумла пешбурди сиёсати хориҷӣ, иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, ҷавонон, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро барои давраҳои оянда муайян намуда, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Яке аз нуқтаҳои муҳиме, ки дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ин аз 1-уми январи соли 2022 зиёд гардидани музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз мебошад. Ин иқдоми Сарвари давлат аз тарафи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Бояд қайд кард, ки ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз иқдомҳои навбатии Президенти кишвар сарфароз буда, барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ ва интизоми намунавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал - лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода санаи 22-юми декабр дар ҷобаҷогузории пагоҳирӯзии ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Гвардияи миллӣ иштирок намуда, таъкид намуданд, ки новобаста аз вазъи иқтисодии ҷаҳон ва кишвар аз 1 январи соли 2022 баланд бардоштани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, ин аз ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар нисбати мо хизматчиёни ҳарбӣ шаҳодат медиҳад. Мо дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар бояд вазифаву ӯҳдадориҳои худро содиқона иҷро намоем.
Ҳамчунин, вобаста ба Паём санаи 22-юми декабри соли ҷорӣ дар назди Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони фармондеҳ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои алоҳидаи фармондеҳии Гвардияи миллӣ маҷлис баргузор гардид. Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ба ҳозирин супориш доданд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, дар самтҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шавад.
лейтенанти калони гвардия Амирзода С.