Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Таровати нотакрори Наврӯз


Ҷаҳонӣ шуд Наврӯзи дилафрӯз
Дилафрӯз шуд дунёе зи Наврӯз

430 Табиат мусаввири тозадаст, пуркор ва эъҷозкорест, ки дар як сол хонаи худро чор маротиба (баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон) бо рангҳои нотакрору ҷаззоб оро медиҳад. Дар таъмири табиат тасвирҳо такрор намеёбанд. Яъне, табиат довари ростхонаву ростқаламест, ки дар офаридани тасвир, баёни воқеъ дорад, на ҳусни сохта. Аз ин рӯ, қудрати табиат дигар аст дар эъҷозкорӣ, ки инсон пеши он оҷиз аст. Ба вежа нирӯи чунин эъҷозкории табиат дар Наврӯз бештар баён мегардад ва байни замину осмон табаддулоте ба вуқӯъ меояд, ки метавонад ҳама чизро аз нав созаду ҷони тоза бахшад.
Ниёгони мо ҳар сол вақти баробаршавии шабу рӯз, якуми моҳи ҳамалро (моҳи якуми шамсӣ – муддати мондани Офтоб дар бурҷи Ҳамал, ки ин моҳро фарвардин низ мегӯянд ва ба 21 март – 20 апрел рост меояд) бо номи Наврӯз ид мекунанд. Олими бузурги форсу тоҷик Умари Хайём бо шогирдонаш дар натиҷаи мушоҳидаҳои чандинсола дар расадхонаи Исфаҳон соли 1079 тақвиме тартиб дод, ки якуми моҳи ҳамал (фарвардин) ҳар сол ба 21 март мувофиқ меояд. Ин тақвим аз рӯи аниқии худ то имрӯз ягон нуқсон надорад. Агарчи Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ҷашнгирии Наврӯзро аз Ҷамшед медонад, мабдаъ ва маншаи онро таҷдиду боззоиши табиат ва баробарии рӯзу шаб меангорад: « Сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки Офтоб дар 365 шабонарӯзе рубъе ба аввалин дақиқа ба бурҷи Ҳамал ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард».
Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҳамчун рамзи ғалабаи қувваи некӣ бар бадӣ ҳисоб меёбад. Агар ба ибораи дигар гӯем, беҳтарин ва тозатарин нафас, тозатарин лаҳза, тозатарин соату тозатарин рӯзро аз 365 рӯзи сол, ки лаззати нотакрор дорад ва шабеҳи дигар соату рӯзҳо нест, дарёфта, Наврӯз ном ниҳодаанд.
Наврӯз ҳакими тавонову Исодамест, ки бо нафаси тозаву мубаррои худ, вуҷуди тамоми мавҷудоти оламро аз хурдтарин организми зинда сар карда, то бузургтарин, аз ҷумла инсонро аз нав пок карда, шӯру шарари нав мебахшад.
Маъмулан ҳар кор ва ҳар падидаро башоратест, ки аз оғози он дарак дода, фараҳу шодӣ меоварад. Накҳати анбари нобе, ки замину замонро фаро мегирад, башорати омадани Наврӯз аст. Наврӯзе, ки бузургони мо аз хони он далдаву суманак чашидаву аз анори Ёсин (мувофиқи ақидаҳо агар дар иди Наврӯз чил ё сад бор бар он сураи «Ёсин» хонанд, ҳар кас онро бихӯрад, дар тамоми сол аз бемориҳо раҳоӣ меёбад)-и он баданро тақвият бахшида, ақидаҳои илмую фарҳангии худро нисбати он иброз доштаанд. Онҳо нону намаки Наврӯзиро пос дошта, ҷашни хосаи табиат будани онро инкор накардаанд. Имрӯз низ бузургони муосири мо бо сарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, оғози кори деҳқон, оғози соли нави шамсӣ, пирӯзии нур бар зулмат, хирад бар ҷаҳл, сулҳ бар ҷанг ва инсоф бар беадолатӣ таҷлил менамоянд. Наврӯз тантанаи адолат асту созандагию бунёдкорӣ. Гиёҳҳои хушкида ва ҳар донае, ки бар замин меафтад сабзу долу дарахтони урёнгашта, пардаи сабзи ҳаёву ҳаётро ба бар мекунанд. Наврӯз ҷашнест, ки замину кайҳонро бо таровату назокати худ такон дода, ба касе имкон намедиҳад, ки аз тантанаҳои он дар канор бошанд. Онҳоро ба шӯр оварда, ба зиндагӣ дилгарм месозад ва ғайриихтиёр ба маҷрои нави зиндагӣ ворид месозад. Ба ҳамин хотир Наврӯзи оламафрӯз пас аз инкорҳову фишорҳо боз ғалабаи комил ба даст оварду ливои ғолибиятро дар боми ҷаҳон барафрохт.
Бо азму талошҳои Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2009 ЮНЕСКО – муассисаи илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ба феҳрести мероси фарҳангии ҷаҳон ворид кард. Моҳи феврали соли 2010 бошад, Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти 64-уми худ, бо қабули қарор Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.
Аз ин бармеояд, қонунҳои табиат инкорнашаванда буда, бидуни устураву ангораҳо тантанаи шикастнопазир доранд. Эҳёи дубораи Наврӯз низ аз мартабаи баланди он гувоҳӣ медиҳад ва миллати баруманди тоҷик зиндагию бахту иқболи Наврӯзонаи худро дар асоси ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат аз насл ба насл мерос гузошта, бо азму талошҳои созанда, худро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.

Саодат Сатторӣ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.