Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Соли рӯйдодҳои муҳими таърихӣ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои соли 2025-ро дар бар мегирад, балки нақшаи роҳи рушди Тоҷикистонро барои солҳои наздик, бахусус соли 2026 ва дурнамои онро то соли 2030 муайян менамояд. Паём дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ ироа гардида, меҳвари асосии он – таъмини зиндагии шоиста барои мардум, рушди устувори иқтисодӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ буд.
130 Чи тавре, ки Президенти кишвар қайд намудаанд, соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва таърихӣ мебошанд, ки бо ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд амалӣ шуданд.
Дар муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳалли одилонаи ҳудудҳои баҳснок барои ҳар давлат мушкилии доимӣ, аксаран драматикӣ ва дар айни замон нозук ва дарднок боқӣ мемонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавзӯи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд медиҳад, зеро аҳамияти он барои сулҳу амният хеле бузург аст.
13-уми марти соли 2025 миёни Тоҷикистону Қирғизистон протокол дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ ба имзо расид, ки раванди гуфтушунид мураккаб ва хеле тулонӣ буд.
Омӯзиш ва таҳлили муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар формати дуҷониба хеле муҳим аст, зеро ҳарду давлат дорои манфиатҳои муштараки байналмилалӣ, яъне тарафдори таҳкими сулҳу субот дар минтақа, таъмини рушди устувор, пешбурди ташаббусҳои глобалӣ оид ба коҳиш додани тағирёбии иқлим, идоракунии одилонаи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо аз обшавӣ ва ғайра мебошанд.
Ба шарофати дурандешии сиёсии роҳбарияти ду кишвар ва баррасии ҳамаҷонибаи сабақҳои таърихӣ ҳамкориҳои дуҷониба ҳоло симои комилан нав пайдо кардаанд. Санаи 31-уми марти соли 2025 дар вазъияти тантанавӣ се кишвари ҳамсоя - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Созишнома дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвари сарҳадиро ба имзо расониданд.
Баъди ба имзо расонидани созишномаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯйдоди 31-уми марти соли 2025 «бисёр муҳим» арзёбӣ намуда, гуфтанд, ки «мо ба муносибат бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояи накӯҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем».
Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2025, № 1591 тасдиқ гардида, аз 12 модда иборат мебошад. Ҳуҷҷатҳои ба имзорасида проблемаи сарҳади давлатиро дар муносибатҳои тоҷику қирғиз барои абад ба таври одилона ҳаллу фасл намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимтарини кишвари мо ба шумор мераванд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина таъкид доштанд, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ ду пешниҳоди Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуд – аввалан бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд, дуввум бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Воқеан, дастгирии чунин ташаббусҳои созанда, ба назари мо, барои боло рафтани имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон мусоидат менамояд.
Илова бар ин, якдилона ҷонибдорӣ шудану қабул гардидани ташаббусҳои дигари Тоҷикистон оид ба «Соли байналхалқии ҳифзи пиряхҳо» ва «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор муаррифӣ менамояд. Хотиррасон менамоем, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускори иқдомҳои созанда ба нафъи башар, ҳомии сулҳу таҳкими амният ва муҳофизи ҳуқуқи инсон шинохта шудааст.


Подполковники гвардия Фаррух Ҳасанзода

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.