Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “ПАЙРОҲАИ ТАЪРИХ” МУАЙЯН ГАРДИДАНД



130 Озмуни “Пайроҳаи таърих” ҷамъбаст гардид. Даври ниҳоии озмуни мазкур дар Тарабхонаи “Шоҳсарой” баргузор шуд. Зимнан 13 даста байни ҳам рақобат намуданд. Мавриди зикр аст, ки озмуни Пайроҳаи таърих дар асоси асари пурарзиши "Тоҷикон"-и алома Бобоҷон Ғафуров миёни 120 даста дар ду давра бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф ва сарпарастии Муассисаи давлатии рӯзномаи “Роҳнамои ҷавонон” доир гардид.
Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо, сарбозону афсарон ва хонандагони муассисаҳои типи нав ширкат доштанд, ки дар умум шумораи иштирокчиён ба 700 нафар мерасад. Зимни баргузории марҳилаи охири озмун муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ, муовини раиси шаҳри Турсунзода Сайдамин Остоназода, мудири шуъбаи маориф Абдуллозода Лайло ва дигар масъулин иштирок намуданд.
130 Бояд тазаккур дод, ки ду даври озмун дар доираи 360 савол баргузор гардид. Зимни натиҷагирӣ мақоми ифтихорӣ насиби дастаи “Ғазнавиён”-и ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмон, зинаи 3-юм насиби дастаи “Сомониён”-и маркази шаҳр, зинаи 2-юм насиби дастаи “Спитамен”-и ҷамоати Навобод гардида, мақоми аввалро аъзоёни дастаи “Деваштич”-и қисми низомии 051059-и Гвардияи миллӣ дар шаҳри Турсунзода сазовор гаштанд. Ба ғолибон ҷоизаи махсус, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Фаъолони озмун бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
Родмардон


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.