Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Машғулиятҳои омӯзишӣ дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ


130 Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ аз рӯзи ташкилёбӣ то имрӯз барои тайёр намудани садҳо мутахассисони хурди техникӣ, сержантон, прапоршикон ва афсарони ҷавон барои пуррагардонии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ саҳми арзанда дорад.
Аз аввали моҳи январи соли 2025 дар заминаи марказ ва қисми ҳарбии 051056 курси командирони отделения ва мутахассисони хурд ташкил карда шуд. Хизмачиёни ҳарбӣ ба курсҳои мазкур дар асоси Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ ҳар сол ду маротиба тибқи эҳтиёҷоти қисмҳои ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд, ки дар он командирони отделения, нишонгир-наворбардор ва механик-ронандаҳо таълим гирифта, савияи дониш ва маҳорату малакаи касбии хешро сайқал медиҳанд.
130 Барномаи таълимии курсантон фанҳои асосии хизмати ҳарбиро дар бар мегирад, ки аз тарафи раёсати тайёрии ҷангии фармондеҳӣ омода карда шудааст. Фанҳои тайёрии техникӣ, ронандагӣ, оташфишонӣ, тактикӣ, тайёрии муҳандисӣ, маҳалнигорӣ, тайёрии разведка, ҷисмонӣ, тайёрии тиббӣ, оинномаҳои ҚМҶТ ва тайёрӣ оид ба алоқа аз фанҳои муҳими хизмати ҳарбӣ мебошанд, ки афсарони ботаҷоиба ба сарбозон оиди ҳар кадом маълумоти муфассал медиҳанд. Мақсад, моҳият ва вазифаҳои ҳар як фанни таълимиро мутахассисони самтҳои алоҳида дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба курсантон меомӯзонанд.
130 Ҳамчунин барои тайёр намудани мутахассисони хурд ва командирони отделения роҳбарони машғулият аз ҳисоби афсарони болаёқати фармондеҳӣ, дастурдиҳандагони ҷузъу томҳои таъиноти махсус ва ҳайати роҳбарикунандаи қисмҳои ҳарбӣ ҷалб карда шуданд.
Баъд аз хатми курси мазкур, ки се моҳро дар бар мегирад, хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи қобилият, шавқ ва хоҳишашон ба қисмҳои ҳарбӣ фиристода мешаванд.
Ба қавли масъулин, сарбозон дар муддати омӯзиш ҳамаи мушкилӣ ва рондани мошинҳои вазнини ҷангӣ, истифодаи силоҳу муҳимоти ҷангиро аз худ мекунанд. Онҳо донишҳои касбии худро дар машқгоҳҳои саҳроӣ ҳангоми тирпаронӣ ва идора кардани навъи техникаҳои ҳарбӣ идома дода, дар қисмҳои ҳарбӣ такмил медиҳанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМҶТ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.