Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Давраи таҳсил оғоз гардид


130 Имрӯз,1-уми июли соли 2025 дар ҳама ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи таҳсили тобистонаи соли хониши 2025 оғоз гардид. Ин чорабинӣ аз рӯи анъана ва нақшаи ягона соле ду маротиба гузаронида мешавад, ки ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ ба ин давра ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Машғулиятҳои намоишиву дастурдиҳӣ дар нуқтаҳои таълимӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд. Муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва сардорони раёсатҳои фармондеҳӣ барои назорат ва табрики ҳайати шахсӣ дар чорабиниҳои тантанавӣ ва рафти машғулиятҳои таълимии қисмҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд.
Дар ҷамъомади тантанавии қисми ҳарбии 051054 Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷкиистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода иштирок намуд. Аз рафти омодагии ҳайати шахсӣ полковники гвардия Одиназода Аъзам гузориш дод. Баъд аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон Фармондеҳи Гвардияи миллӣ афсарону сарбозонро ба саршавии соли хониш табрик намуда, таъкид кард, ки ҷамъбасти фаъолият дар самтҳои хизмати ҳарбӣ қобили қайд аст. Нишондодҳои тайёрии ҷангӣ, иштирок ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, таъминот дар самтҳои гуногун ва риояи интизоми ҳарбии ҳайати шахсӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дошт. Моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои фаъолияти ҳамарӯза карда, боз ҳам софдилонаву содиқона ба халқу Ватан хизмат намоем.
130 Пас аз анҷоми ҷамъомади тантанавӣ бо мақсади расондани ёрии амалӣ ба сардорон- командирони звеноҳои гуногун чун анъана машғулиятҳои намоишӣ ва дастурдиҳӣ дар нуқтаҳои таълимӣ гузаронида шуд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муомила бо силоҳи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, техникаи зиреҳпӯш ва автомобилӣ мавзӯи асосии воҳидҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ буд, ки ба ҳайати шахсӣ расонида шуд. Чунин машғулият оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои тайёрии ҷисмонӣ, муомила бо моддаҳои заҳролуд ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ низ назариявӣ ва амалӣ сурат гирифт. Гузаронидани рӯзи паркӣ-хоҷагидорӣ дар мошинсаройи қисми ҳарбии 051054 бо ҷалби афсарони собиқадор гузаронида шуд. Масулини раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ барои гузаронидани машғулият дар самтҳои гуногуни хизмат ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, мавзуъро хеле саҳеҳ ва самаранок ба ҳайати шахсӣ расониданд. Машғулиятҳоро афсарони собиқадори хизмат, ки алакай дар самтҳои муайян таҷрибаи кофӣ доранд бо пешниҳоди тарзи беҳтар намудани сатҳу сифати таълим гузарониданд.
Азму талошҳои ҳайати шахсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷузъу томҳо давраи дуюми соли хонишро бо муваффақият ва нишондодҳои баланд ҷамъбаст карда, дар ҳифзу мудофиаи Ватан, таҳкими амнияту осоиши миллат ва суботи ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.