Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷамъомади таълимӣ


130 Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти ҳайати идоракунандаи тайёрии ҷангии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ ҳангоми қабул ва омода намудани захираҳои сафарбарӣ дар Маркази миллии мубориза бо терроризм ва маводи мухадири гвардия ҷамъомади таълимӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур, ки таҳти роҳбарии масъулини самти тайёрии ҷангӣ ташкил гардид, командирони сатҳу зинаҳои гуногун иштирок доштанд. Роҳбарони машѓулият пеш аз ҳама тартиби омода кардани ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, барномаҳои тайёрии ҷангӣ доир ба омода кардани ҳайати шахсиро мавриди назар қарор дода, нақшаҳои фаъолияти минбаъдаро омода карданд.
Дар марҳилаи дигари ҷамъомади таълимӣ дар машғулиятҳои назариявӣ талабот ва супоришҳои ҳайати фармондеҳӣ барои муайян намудани муҳлату мавқеи омода кардани ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва дигар воситаву маводҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки захираҳои сафарбарӣ ҷавонмардони баркамоле мебошанд, ки алакай хизмати ҳарбиро дар ҷузъу томҳои гуногун аз худ кардаанд. Аз ин рӯ омӯзиш барояшон хеле осон даст медиҳад. Ҳамчунин дар доираи барномаи таълимӣ аз ҷониби шуъбаи илмӣ-ҳарбии раёсати тайёрии ҷангӣ дастурҳои методӣ омода карда шудааст. Дар асоси ин дастурҳо ҷадвали дарсӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ мешаванд.
Дар марҳилаи дигари ҷамъомади мазкур сардори шуъбаи ташкилӣ ва сафарбарии Сарситоди Гвардияи миллӣ дар бораи тартиби иҷрои маҷмуи чорабиниҳо дар замони осоишта, тайёрӣ, таъминот ва дигар масъалаҳои зарурии ин самт маълумот дод. Мавзӯи дигар ва аз лиҳози рисолати инсониву қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрванд хеле муҳим ҳам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва он доштани нангу номус, шарафи ватандориву ватандӯстӣ, садоқат ба халқу Ватан, ифтихору худшиносии миллӣ ва ҳифзу мудофиаи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Албатта, ин хислату арзишҳои беҳтарини инсонӣ бояд аз оила, мактаб, умуман дар байни аҳли ҷомеа тарбия карда шаванд. Дар ҳолати мавҷуд будани ин арзишҳо дар барномаҳои таълимӣ барои захираҳои сафарбарӣ онҳоро тақвияту такмил додан имконпазир аст, дар акси ҳол камманфиат ва бемаврид хоҳанд буд.
130 Дар марҳалаи дигари ҷамъомади таълимӣ, дар машғулиятҳои намоишӣ бо назардошти таҷрибаи ҷангҳои муосир, ҷиҳати таъмин намудани бехатарии ҳайати шахсӣ аз дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, аксуламалҳои мубориза бар зидди он ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Дар ҷамъбасти ҷамъомади таълимӣ ҳайати роҳбарикунанда ва командирони сатҳу зинаҳои гуногуни хизмати ҳарбӣ машғулият ва марҳалаҳои ҷамъомадро баррасӣ карда, ба чунин натиҷа расиданд, ки ҷиҳати давра ба давра тақвият додани фаъолияти ҳайати идоракунандаи тайёрии ҷангӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, тарзу усулҳои омода кардани захираҳои сафарбарӣ бо назардошти таҳдиду хатарҳои замони муосирро бозсанҷӣ намуда, пайгирӣ менамоянд. Зеро пайваста сайқал додани маҳорату малакаи касбии ҳайати идоракунандаи фаъолияти тайёрии ҷангӣ барои қабул ва омода намудани захираҳои сафарбарӣ ва баҳо додан ба фаъолияти тайёрии ҷангии қисмҳои ҳарбӣ ҳангоми қабул намудани онҳо масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.

Полковники гвардия Хайринисо Комилзода


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.