Таҷлили Рӯзи Президент дар Гвардияи миллӣ
Ба Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат «Шараф»
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Тибқи анъанаи низомиён пеш аз оғози ҷамъомад Байрақи ҷангӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди минбар карда шуд. Сипас, ҳайати роҳбарикунандаи Гвардияи миллӣ, намояндагон аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди минбар шуданд. Суруди миллӣ садо дод.
Дар идомаи чорабинӣ муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бо нутқи пурмуҳтаво аз Иҷлосияи таърихӣ сухан оғоз намуд. Дар навбати худ намояндагони Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамчун санаи таърихӣ ва ба арсаи сиёсат баромадани Сарвари давлат, нақши созанда ва бунёдгузори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон силсилаи маърузаҳоро баён намуданд. Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои бузурге мебошанд, ки на танҳо дар ташаккули давлатдорӣ ва созандагию бунёдкорӣ, балки барои муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи миллатамон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.
Дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро, ки хоҷагони хориҷӣ ба сари миллати тоҷик оварда буданд, хомуш карда,тавонист миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ раҳо диҳад. Маҳз бо заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон истиқлолияти комил ва сулҳу амният пойдор гардид. Таъкид шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва афкори созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба рафъи мушкилоти мардуми саёра дастгирӣ намуда, дар амал тадбиқ менамоянд. Дар ин рӯзи таърихӣ аз қаҳрамонӣ ва заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат ёдовар шудан аз рӯи ифтихор ва ихлосмандии халқи тоҷик ба Пешвои худ мебошад.
Воқеан, имрӯз халқи шарафманди Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон, муваффаққияту комёбиҳо, ба сӯи амалӣ гаштани ормонҳои хурду бузурги тоҷик қадам мегузорад. Имрӯз кулли хизматчиёни ҳарбӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи Ватан, музаффариятҳои истиқлолият содиқона хизмат мекунанд. Дар охири чорабинии тантанавӣ аҳли толор ба Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шараф» фиристода, садоқату самимияти худро баён намуданд.