Нимсолаи дуюми соли хониши 2024 дар тамоми ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июл оғоз гардид. Ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, Байрақи Ҷангӣ ба майдон ворид карда шуд. Дар ҷамъомади тантанавии ҳайати раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии 051053 ва 051054-и Гвардияи миллӣ Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода иштирок намуда, афсарону сарбозонро ба саршавии давраи тобистонаи соли хониш табрик намуд. Зикр гардид, ки ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 вазифа ва уҳдадориҳои ба зимма доштаи худро бо муваффаққият анҷом доданд. Дар ин мудат сатҳи вайронкунии интизоми ҳарбӣ нисбати соли гузашта коҳиш ёфта, иҷрои нақша-чорабиниҳои давлатӣ, нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосӣ, барномаҳои таълимӣ вобаста ба самтҳои муҳими хизмати ҳарбӣ қаноатбахш баҳогузорӣ шуд.
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи мураккаб ва ҳолати пешгўинашавандаи ҷаҳон таъкид доштанд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд ба такмил додани донишҳои касбӣ, аз худ намудани техника ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва забонҳои хориҷӣ саъю кўшиш намоянд. Ҳамчунин, дар навбати аввал вазифаву уҳдадориҳои хизматии худро дар асоси талаботи оинномаҳои хизмати ҳарбӣ ба ҷо оварда, ба касби пуршарафи ҳарбӣ содиқ монанд. Ҷамъомади тантанавӣ бо гузашти низомӣ анҷом ёфта, ҳайати шахсӣ чун анъана ба нуқтаҳои таълимӣ сафарбар шуданд. Қобили зикр аст, ки рўзи аввали таҳсил дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ машғулиятҳои намоишӣ дар нуқтаҳои таълимӣ ва дастурдиҳӣ ташкил карда шуда, роҳбарони машғулият одитарину муҳимтарин масъалаҳои самти дахлдорро ба ҳайати шахсӣ мерасонанд.
Рўзи аввали таҳсил оғози машғулиятҳои омодабошии ҷангӣ ба ҳисоб рафта, роҳбарияти ҷузъу томҳо тамоми саъю кушиши худро барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ равона месозанд. Омодабошии ҳайати шахсӣ, аслиҳа ва техникаи ҳарбиро дар сатҳи баланд нигоҳ медоранд. Боварии комил дорем, ки соли хониши 2024 дар Гвардияи миллӣ пурсамар ва бо комёбиҳои хизматӣ ҷамъбаст гардида, ҳайати шахсӣ дар баргузории ҷашнҳои давлатӣ ва озмуну мусобиқаҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Неъматуллои Холиқ
майори гвардия