Дар раванди ҷаҳонишавӣ ташаккули фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва тавсеаи технологияҳои иттилоотӣ ба мушоҳида мерасанд. Ҳамзамон рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа истифодаи технологияҳои иттилоотиро тақозо менамояд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиду хатари муборизаҳои иттилоотӣ ва ҳуҷумҳои иттилоотӣ хеле зиёд ба назар мерасанд.
Рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ инсониятро бо таҳдиду хатарҳои нав рӯ ба рӯ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири манфии чунин таҳдидҳоро эҳсос намуда истодааст. Пайдоиши таҳдидҳои иттилоотӣ аз он вобаста аст, ки як зумра неруҳои иҷтимоию сиёсӣ ва субъектҳои сиёсати ҷаҳонӣ иттилоот ва технологияҳои иттилоотиро барои амалӣ намудани мақсадҳои стратегии худ истифода намуда истодаанд. Дар ин раванд ташкил намудани ҷангҳои иттилоотӣ, ҳуҷумҳои иттилоотӣ, дуруғпардозию иғвоангезӣ ва ғайраҳо ба амал омада истодаанд.
Чунин сурат гирифтани вазъиятро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 26 январи соли 2021 таъкид намуда, иброз дошт, ки «пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус , ҷавонон ва ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернеӣ васеъ истифода мебаранд. … Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд».
Бо дарназардошти мубрамияти масъалаи мазкур ва бо мақсади ташаккули маданияти истифодабарии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, бо ташаббуси сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Фармондеҳии Гвардияи миллӣ полковники гвардия Хайринисо Комилзода санаҳои 21- 22-юми июли соли ҷорӣ бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 051056 дар мавзӯи «Таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти иттилоотии кишвар» машғулият ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти машғулият доир ба истифодаи оқилона ва эҳтиёткорона аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид гардид. Чунончӣ, роҳбари машғулият лейтенанти калони гвардия Саидшо Амирзода иброз намуд: «Албатта атрофи масъалаҳои таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеии интернету шабакаҳои иҷтимоӣ метавон соатҳо баҳс намуд ва мақсади мо низ инкор намудани аҳамияти интернет ба инсоният нест. Фақат бо пешниҳоди тавсияҳое ба монанди таблиғи фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, таблиғи оқибатҳои манфии истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, назорати оила, ҷомеа ва давлат дар ин самт, маҳдуд намудани имкониятҳои ноболиғон барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуби интернет мехоҳем муносибат дар ин самт ба куллӣ тағйир дода шуда, аз дониш, тафаккур ва ақл кор гирифта шавад».
Ҳамчунин, ҳайати шахсии қисми ҳарбии 051056 бо Сомонаи расмии Гвардияи миллӣ тавассути компютер ва видеопроектор шинос карда шуда, доир ба фаъолият ва имконоти он маълумоти муфассал гирифтанд. Дар баробари ин ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд. Хотиррасон карда шуд, ки дар Сомонаи расмии Гвардияи миллӣ (www.gmjt.tj) ҳамчунин суроғаи почтаи электронии сомона (gmjt.info.tj@mail.ru) гузошта шудааст, ки ҳар як истифодабаранда имкон дорад ба воситаи он саволу дархостҳои худро ирсол намояд.
«РОДМАРДОН»