Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Соли хониш муборак!

3-юми январи соли 2023 дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи таҳсили зимистонаи соли хониш оғоз гардид. Ба ин муносибат дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ маросими тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳо иштирок намуда, хизматчиёни ҳарбиро ба саршавии давраи таҳсил табрик намуданд.
430 Ҷамъомади тантанавии қисми ҳарбии 051054, ки дар он фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Ҷамолзода Бобоҷон иштирок дошт, бо амри низом ва ворид намудани Байрақи Ҷангии Гвардияи миллӣ ба майдон оғоз шуд. Оркестри ҳарбӣ бо созҳои мутантани ҳарбиёна взводи парчамбардорро ба мавқеи ифтихории саф гусел кард. Пас аз садо додани Суруди миллӣ фармондеҳи Гвардияи миллӣ хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла генералҳо, афсарон, прапоршикон ва сержантону сарбозонро ба саршавии давраи таҳсили зимистона табрик намуд. Ба афсарону сарбозон дар фаъолияти хизматӣ муваффақият ва нишондодҳои баланди ҷангиро таманно кард. Таъкид гардид, ки мо соли 2022-ро бо дастовардҳои хуб ҷамъбаст кардем, соли 2023 бояд саъю кӯшишро дучанд намоем. Зеро соли 2023 дар таърихи давлатдории мо боз як соли фаромушнашаванда мебошад. Мардуми шарафманди диёр ва мо хизматчиёни ҳарбӣ 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Бояд аз рӯзи аввали таҳсил сар карда, мувофиқи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон машғулиятҳои таълимиро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва ин санаи таърихиро бояд бо дастоварду нишондодҳои назаррас пешвоз бигирем. Бахусус афсарон бояд назорат намоянд, ки нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир мувофиқ бошанд.
430 Мо шоҳиди амалҳои террористӣ, ғасби ҳокимият аз ҷониби гурӯҳу ҳаракатҳои ба ном динӣ, ҷангу зиддиятҳо миёни давлату миллатҳои гуногуни сайёра ҳастем. Вазъи минтақа ва хатарҳои глобалии ҷаҳон моро водор мекунанд, ки омодабошии ҷангиро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дорем. Артиши аз лиҳози интизом, донишҳои ҳарбӣ, маҳорату малака, силоҳу техника таъмину таълимгирифтаи касбиро тайёр намоем. Барои ин ҳар яки моро зарур аст, ки муносибати худро ба пешбарии хизмат беҳтар намуда, вазифаҳои ҷангӣ ва хизматии худро бо масъулияти баланд иҷро намоем. Дар баробари ин ба ҳайати шахсӣ – сарбозону афсарони ҷавон ғамхорӣ зоҳир намуда, дар таълиму тарбияи онҳо, аз худ кардани касби ҳарбӣ ва барои содиқона хизмат кардан ба халқу Ватан ёрии амалии хешро расонед, таъкид намуд, фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар рафти суханронӣ.
430 Қобили зикр аст, ки 23-юми декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”.
Пас аз анҷоми ҷамъомади тантанавӣ бо мақсади расондани ёрии амалӣ, қоидаҳои бехатарӣ як гурӯҳ афсарони ботаҷриба бо сардорон-командирони звенои гуногун машғулиятҳои намоишӣ ва дастурдиҳӣ гузарониданд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муомила бо силоҳи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, техникаи зиреҳпӯш ва автомобилӣ мавзӯи асосии воҳидҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ буд, ки ба ҳайати шахсӣ расонида шуд. Чунин машғулият оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои тайёрии ҷисмонӣ, муомила бо моддаҳои заҳролуд, ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ низ назариявию амалӣ сурат гирифт.
430 Азму талошҳои ҳайати шахсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷузъу томҳо нимсолаи аввали соли хониш 2023-ро бо муваффақият ва нишондодҳои баланд ҷамъбаст карда, дар ҳифзу мудофиаи Ватан, таҳкими амнияту осоиши миллат саҳми арзандаи хешро мегузоранд.



Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.