Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

То нафаси охирин содиқ мемонем!

20 апрели соли 2024 дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051055 ба ифтихори сержантону сарбозоне, ки тибқи даъват хизмати ҳарбиро бо муваффақият ба анҷом расонила, ба эҳтиёт рухсат шудаанд, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
130 Қобили зикр аст, ки ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват давра ба давра, то охири моҳи май сурат мегирад. То ин ки наваскарон барномаҳои таълимиро аз худ намуда, ба тадриҷ бародарони баркамоли худро дар хизмат иваз намоянд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ тибқи анъанаи низомиён Парчами ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдон бароварда шуда, таҳти оҳанги оркестри ҳарбӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас, Сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники гвардия Баҳриддин Азаматзода сарбозонро табрик намуда, таъкид кард, ки Шумо муддати ду соли хизмат таълим гирифта, ҷавонмардони баркамол шудаед. Аз дониш, маҳорату таҷрибаи ҳар яки Шумо на танҳо падару модар, инчунин Ватану миллат умеди калон доранд. Боварии комил дорам, ки аз ин баъд ҳам Шумо бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандўстӣ ҳамеша дастовардҳои кишвари соҳибистиқлолро муҳофизу нигаҳбон ҳастед ва ба савганди ёдкардаи худ то нафаси охирин содиқ мемонед.
130 Қисмати фараҳбахшу хотирмони ҷамъомад маросими хайрбод буд, ки сарбозон бо яке аз муқаддастарин нишонҳои хизмати ҳарбӣ-байрақи ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамеша ҳамсафу фахри онҳо буд, хайрбод гуфтанд.
Ҷамъомади тантанавиро таҳти оҳангҳои мутантани ҳарбӣ расми гузашти низомӣ анҷом бахшид. Албатта, ҳар як амали шоиста боиси сарбаландӣ, ифтихору шараф аст. Ба хусус хизмати Модар- Ватан, ки анҷом додани он яке аз меъёрҳои ҷавонмардӣ буда, дар ҳама давру замон қарзу вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.