Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Аз сифати таълим то ба сифати аҳолӣ


130 Ҳар куҷое ки сухан дар бораи тамаддуну фарҳанг, забон ва оини давлатдорӣ меравад, мардуми башардӯсти тоҷик худро сарбаланду сарафроз эҳсос мекунад. Зеро имконнопазир аст, ки нафаре ва ё манбаи боэътимоде пайдо шаваду дар бораи таърихи пурғановат ва миллати куҳанбунёд будани тоҷикон ҳадсу гумонҳои бад бизанад. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва саҳми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси миллӣ, ташаббусҳои умумиҷаҳониву умумиинсонӣ, бо дастоварду пирӯзиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ бори дигар ворид гардид. Барои ҳар як шаҳрванди мамлакат боиси ифтихор ва шарафи бузург аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарзамини таърихӣ, дорои сарватҳои бойи табиӣ, кишвари сайёҳӣ ва макони чашмаҳову обу ҳавои тоза умр басар мебарад.
Дар шароити кунунӣ ва вазъияти ҳассосу ноороми ҷаҳони имрӯза, ки аксар давлатҳо бо мушкилоти бархурди тамаддунҳо, низоъҳои сиёсӣ ва дигар пайомадҳои нав дучор гаштаанд, ҳар як шаҳрванди кишварро масъулияти бештаре ба зимма аст, то ин ки дар ҳама ҳолат ба муқобили ҳама газандҳо истодагарӣ карда тавонад. Насли ҷавони имрӯза ва ояндасозони Тоҷикистони азиз бояд нахуст аз таърихи халқи бузурги хеш бархурдор бошанд. Зеро, тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш “Чеҳраҳои мондагор” таъкид мекунанд - “Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд”. Дар ин росто дар баробари ҷавонону наврасон ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд, ки аз таърихи гуҳарбори худ ва абармардони хирад сабақи ватандориву вафодорӣ омӯхта, дар ҳалли мушкилиҳои рӯзмарра, амалӣ гаштани нақшаҳои созанда ва аз ҳама муҳим дар роҳи таълиму тарбияи фарзандон саҳмгузор бошанд.
Дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз аз рӯзҳои тиррагаштаи мардум, аз мушкилиҳои ҳангуфт, аз беҳокимиятии сиёсӣ баромад. Бо устуворӣ ва мустақилият қадам ниҳода, имрӯз ба як кишвари орому осоишта, ки дорои ҳама гуна арзишҳои миллӣ, пояҳои устувори давлатдорӣ ва ҳадафҳои муҳими стратегӣ мебошад, табдил ёфтааст. Ҳамчунин, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон мубаддал гардидааст. Албатта, расидан ба ин рӯзҳои нек, ба ин муваффаққияти давлатдорӣ, ки кори басо мураккаб аст, акнун дар саҳифаҳои нави таърих ҷой гирифтаанд. Аз ин рӯ, расидан ба қадри истиқлолу озодӣ ва ҳамчун як шаҳрванди ин кишвар саҳм гузоштан дар ободиву пешрафт, вазифаи ҷонии ҳар яки мо ба шумор меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Ҳамчунин, хитоб карданд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф, саҳланкорӣ дар тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоиду солим барои таълиму тарбия мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксар нафароне, даст ба кирдорҳои ношоиста ва ҳатто амалҳои террористиву ифротгароӣ мезананд, ки онҳо шахсони бесавод буда, на дониши мукамали динӣ, на дунявӣ доранд. Аз ин ҷост, ки масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва босавод гардонидани аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Худ қазоват кунед, агар як нафар аз аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардорад, чӣ қадар обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло мешавад. Агар бараъкс, як нафар шаҳрванди кишвар даст ба амалҳои норавои инсонӣ занад, боиси паст гардидани обрӯи давлат ва сархамии миллат мегардад. Пас бояд, ҳар як шаҳрванди кишвар дар кори таълиму тарбия бетараф набошад. Барои насли наврасро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, дӯст доштани Ватан тарбия намудан ва ба ин васила баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи кишвари азизамон, камари ҳиммат бандад.
Агар ҳар як фарди ҷомеа ба кори таълиму тарбия худро бетараф нагузошта, беш аз пеш ба рафтору кирдор ва солимии муҳити фарзандон диққати аввалиндараҷа зоҳир намояд, ва омӯзгорони гиромиқадр, ки касби мурраккабу пурифтихорро бар ӯҳда доранд, минбаъд ҳам бо боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат ва дараҷаи олии таълим худро машғул намоянд, кишвари азизамон боз ҳам дар роҳи рушд ба пешравиҳои рӯзафзун ноил хоҳад гашт.

Майори гвардия Неъматуллои Холиқ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.