Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

ШОМИ ФАРҲАНГӢ

130 Санаи 22 апрели соли 2026 аз ҷониби Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи миллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон шудани соли 2026, ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстию ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории хизматчиёни ҳарбӣ, муайян намудани сатҳи маҳорату малакаи фарҳангии дастаҳои худфаъолиятии бадеии қисмҳои ҳарбӣ, инчунин дастгириву ҳавасмандгардонии онҳо байни сержантону сарбозони қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ «Шоми фарҳангӣ» ташкилу баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби ҳунармандони оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ ва афсарони шуъбаи тайёрии тарбияи ватандўстии Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таъин гардида буданд, ба ҳунари овозхонӣ ва навозандагии сарбозон аз асбобҳои мусиқӣ: синтезатор, аккордеон, гитара, най, флейта, доира, табл, саксафон ва кларнет баҳогузорӣ карда шуда, беҳтаринҳо муайян карда шуданд. Аз ҷумла, сарбози қатории гвардия Ниёзов Меҳровар аз қисми ҳарбии 051052, сарбози қатории гвардия Зокирҷони Хисрав аз қисми ҳарбии 051054, сарбози қатории гвардия Соҳибназаров Соҳибназар аз қисми ҳарбии 051055, сержанти хурди гвардия Абдуназаров Исмоил ва сарбози қатории гвардия Бобохонов Алиҷон аз қисми ҳарбии 051058, сарбози қатории гвардия Ваҳҳобзода Алиҷон аз қисми ҳарбии 051059 ва сарбозони қатории гвардия Азизов Улуғбек, Муҳаммадназарзода Шаҳром аз Оркестри ҳарбӣ асбобҳои мусиқиро бо маҳорати баланд иҷро карда, инчунин сурудҳои ватандӯстонаро манзури ҳакамон намуданд.
130 Тибқи талаботи низомномаи «Шоми фарҳангӣ» беҳтаринҳо бо фармоиши Фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо «мактуби миннатдорӣ ба волидайн» ва рухсатӣ ба муҳлати 5 (панҷ) шабонарўз қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар рушди дастаҳои эҷодии худфаъолиятии бадеӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷавонон ва ташаккули сифатҳои баланди ахлоқии онҳо таъсиргузор буда, бо ин васила эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ ба Савганди ҳарбӣ баланд бардошта мешавад.
полковники гвардия Фарҳод Музаффариён,
сардори шуъбаи тайёрии тарбияи ватандўстии
Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.