Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии афсарони ҷавону сарбозон ва мустаҳкаму устувор гардонидани рафоқат байни хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ пайваста озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир карда мешавад. Дар ҳамин радиф мусобиқаи навбатии зеҳнӣ-ҳарбӣ миёни командирони рота, взвод ва сержантони фаъоли қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ дар гарнизони Душанбе гузаронида шуд. Маълум аст, ки мусобиқаҳои зеҳнӣ-ҳарбӣ дар асоси низомномаи тасдиқшуда сурат мегирад ва нафароне, ки дар қисмҳои ҳарбии худ ғолиб омадаанд, барои рақобат дар байни дигар қисмҳои ҳарбӣ ширкат меварзанд. Дар оғози кушодашавии мусобиқа муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус ба ширкаткунандагон барору комёбӣ таманно карданд ва таъкид дошт, ки дар мусобиқа фақат ҷасуриву чолокӣ ва донишҳои мукаммал ба кор меояд.
Даври аввали мусобиқа бо гирифтани маҷмӯи саволномаи тестӣ оғоз гардид. Саволҳоро масъулини раёсати тайёрии ҷангӣ аз фанҳои таълимӣ, оинномаҳои умумиҳарбӣ ва дар доираи хизмати ҳамарӯза омода карданд. Албатта, аз рӯи талаботи озмун командирони звенои асосӣ тибқи вақти муқарраргардида ба саволҳо ҷавоб гардониданд. Аз рӯи хулосаи ҳакамон дар ин даври озмун сержантони қисми ҳарбии 051055 Каримзода Муҳаммадсалмон ва Ҷунайдзода Ғаниҷон миёни сержантон, дар байни командирони взвод лейтенанти гвардия Ҳусейнов Ҳотамшо аз қисми ҳарбии 051055 ва дар байни командирони рота майори гвардия Тағойзода Қурбоналӣ аз қисми ҳарбии 051057 бо гирифтани холи зиёд ҷойи аввалро сазовор шуданд.
Ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳи оташфишони автомати Калашников, туфангчаи Макаров ва тирпуркунӣ дар тирдон даври дуюми мусобиқаро дарбар гирифт. Иҷрои меъёри ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳ миёни иштирокчиёни мусобиқа хеле ҷолиб идома ёфт. Ҳар кадоми аз иштирокчиён меъёрҳоро бо баҳои хубу аъло иҷро карда тавонистанд. Вале мувофиқи шарти мусобиқа нафаре ғолиб меомад, ки аз дигарон пештар ин меъёрҳоро иҷро карда тавонад. Дар иҷрои меъёрҳо миёни командирони рота лейтенанти калони гвардия Мирзозода Бобоҷон аз қисми ҳарбии 051054, дар байни командирони взвод лейтенанти калони гвардия Раҳимзода Меҳроҷиддин аз қисми ҳарбии 051064 ва дар байни сержантон сержанти калони гвардия Хуҷаназаров Азамат ва сержанти хурди гвардия Боқизода Комроншоҳ аз қисми ҳарбии 051064 ғолибиятро соҳиб гардиданд.
Даври дигари мусобиқа аз намуди машқҳои ҷисмонӣ яъне турниккашӣ доир карда шуд. Ин намуди машқи ҷисмониро хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчун омили обутоб додани бадан ҳамарӯза дар рафти машғулиятҳои варзишӣ иҷро мекунанд. Ҳамин тариқ, дар байни сержантон боз ҳам сержантони қисми ҳарбии 051064 сержанти калони гвардия Хуҷаназаров Азамат ва сержанти хурди гвардия Боқизода Комроншоҳ ҷойи аввалро ба даст оварданд. Дар байни командирони взвод лейтенанти гвардия Ҳусейнов Ҳотамшо аз қисми ҳарбии 051055 ва дар байни командирони рота майори гвардия Тағойзода Қурбоналӣ аз қисми ҳарбии 051057 ғолиб омаданд.
Даври ниҳоии мусобиқа бо тирпаронӣ дар тири электронӣ ҷараён гирифт. Командирони звенои асосӣ аз автомати Калашников дар масофаи 100 метр тирҳоро ба ҳадаф расониданд. Дар ин мусобиқа аз рӯйи холҳои бадастоварда нафарони ғолиб муайян гардиданд. Сержантони гвардия Ҷураев Мусулмонбек ва Мариншоев Ваҳдатшо аз қисми ҳарбии 051052, лейтенанти гвардия Ҳусейнов Ҳотамшо аз қисми ҳарбии 051055 ва лейтенанти калони гвардия Эмомзода Эмомалӣ низ аз қисми ҳарбии 051055 сазовори ҷойҳои якум гардиданд.
Ҳайати ҳакамон ҳар як даври мусобиқаро баҳогузорӣ карда, дар маҷмӯъ нафарони ғолибро эълон карданд. Дар мусобиқаи навбатии зеҳнӣ-ҳарбӣ миёни командирони ротаи қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ дар гарнизони Душанбе майори гвардия Тағойзода Қурбоналӣ аз қисми ҳарбии 051057, дар байни командирони взвод лейтенанти калони гвардия Лутфуллои Исматулло аз қисми ҳарбии 051052 ва дар миёни сержантон сержанти калони гвардия Хуҷаназаров Азамат ва сержанти хурди гвардия Боқизода Комроншоҳ аз қисми ҳарбии 051064 ғолиби ҷойи якум гардиданд. Ғолибон тибқи пешниҳоди Раёсати тайёрии ҷангии фармондеҳӣ бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Капитани гвардия Неъматуллои Холиқ,
афсари калон – рӯзноманигори
шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон