Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Шарҳу тавзеҳи Паём

430
Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, аз 21 декабри соли 2021 аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода
дар маҷлиси васеъ


Ҳозирини гиромӣ!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз таърихи ташаккули Истиқлолияти давлатӣ, мушкилоти дар ин раванд бамиёномада, заҳмату дастгириҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ёдовар шуда, ҳодисаҳоро бо далел ва санаҳои таърихӣ исбот намуда, иброз доштанд, ки «ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд».
Таъкид намуданд, ки «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд».
Дар ин ҷода хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ низ дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр як қатор ҷоннисориҳо карда, дар муҳорибаҳо бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ баҳри ҳифзи соҳибихтиёрии давлат иштирок намуданд ва барои шуҷоатмандию мардонагӣ зиёда аз 235 нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ баҳри иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои хизматӣ мунтазам маҳорати ҷангии худро такмил дода, дар ҳама вазъият барои иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд.
Аз ин лиҳоз, мову шуморо зарур аст, ки ҳамчун сохтори низомӣ, ин дастоварди нодирро, ки бо кӯшишу талошҳои мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳифз намуда, барои расидан ба ҳадафҳои олии ҳукумати мамлакат шароит фароҳам намоем.
Чуноне ки дар Паём қайд гардид,«Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд”.
Ҳамчунин, Президенти кишвар оид ба қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, бори нахуст бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсия ёдвар шуда, дар ҷодаи муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат сухан карда, бо факту рақамҳои мушаххас дар хусуси дастовардҳо, расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва рушди минбаъдаи мамлакат ибрози ақида намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар бист соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонӣ, соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Яъне, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари масоили иқтисодӣ ба масъалаи рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ба хусус, оиди баланд бардоштани сатҳи дониш, фароҳамоварии шароитҳо дар замони истиқлолият барои пешрафти соҳаи маориф сухан намуда қайд намуданд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ин ҷода барои омода намудани мутахассисон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз Гвардияи миллӣ ҳамасола 6-8 нафар хизматчиёни ҳарбӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд. Вобаста ба шароити имрӯза моро зарур аст, ки аз фурсати муносиб, шароитҳо ва базаҳои таълимии мамлакатҳои пешрафта истифода намуда, барои такмил додани донишҳои ҳарбӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Баҳри расидан ба ҳадафи олии давлат, яъне фароҳамоварии шароити шоистаи зиндагӣ барои ҳар як сокини кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.
Мо худ шоҳид ҳастем, ки дар тули 30 соли истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат тавонист, се ҳадафи стратегии худро вобаста ба баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳо андешида, амалӣ гардонад ва бешубҳа барои рушди саноати мамлакат, ки метавонад боиси ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёҳо ва захираҳои бойи кишвар, ташкили ҷойҳои кории нав ва бо ҳамин васила боз ҳам мустаҳкам намудани базаи иқтисодии Тоҷикистон ва фароҳамоварии шароити хуби зист барои сокинони кишвар гардад.
Бо дарназардошти тағйирёбии вазъи иқтисодии ҷаҳон, доман паҳн намудани бемории сироятии «КОВИД-19», баландравии нарх дар бозори ҷаҳон ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари мамлакат пешниҳод намуданд, ки
– аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбӣ, муҳофизони сулҳу амният, дастовардҳои истиқлолият ва марзҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хоса ва боварии комил доранд. Ин таваҷҷӯҳ ва боварӣ бояд аз ҷониби ҳар як хизматчии ҳарбӣ қадр карда шавад. Аз сарбози қатори то афсари олирутба баҳри баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва аз худ намудани илми ҳарбии муосир бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намуда, баҳри дифои Ватан ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии он ҷони худро дареғ надорад.
Ногуфта намонад, ки мувофиқи пешниҳоди мазкур нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон, ки аслан ба ин категория фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ шомиланд, бебаҳра намонданд.
Дар робита ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ Пешвои миллат як нуктаи муҳимро хотирнишон сохтанд, ки ду соли охир дар кишвари мо ва бисёр мамлакатҳои дунё хушксолӣ ва камборишӣ идома дорад. Ва аз ин лиҳоз, дар асоси дастуру супоришҳо моро мебояд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ барои баланд намудани ҳосилнокӣ ва бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани ҳайати шахсӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Бо ин мақсад масъулини самти ақибгоҳӣ ва сардори хоҷагии ёрирасони Гвардияи миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҳар як ваҷаб замини хоҷагии ёрирасонро самаранок истифода бурда, бо истифода аз технологияи агротехникии муосир барои ҳосилхез намудани заминҳои дарихтиёрдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд ва дар асоси дастуру ҳидоятҳо мувофиқи нақшаи дурнамо барои кишти асосӣ ва такрорӣ чорҷӯӣ намоянд.
Инчунин, вобаста ба тағийрёбии иқлим ва пайи ҳам омадани хушксолӣ ба масъалаи захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ диққат дода, барои ҳар чи бештар дар анборҳо захира намудани маҳсулоти полезӣ саривақт кӯшиш намоянд.
430 Ҳозирини гиромӣ!
Сарвари давлат иброз доштанд, ки фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ва дар ин ҷода зиёиёни эҷодкор вазифадор гардиданд, ки бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик тадбирҳо андешанд.
Моро низ зарур аст, ки баҳри баланд намудаи ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстиву худогоҳии ҷавонон ба омӯзиши таърих, забони давлатӣ, адабиёти миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар тарбияи ҷавонон аз ин омилҳо васеъ истифода намоем.
Дар робита ба ин масъулини самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва командирони қисмҳои ҳарбиро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ, ки аксарияти онро ҷавонон ташкил медиҳанд корҳои сиёсӣ-тарбиявиро ҷоннок намуда, ба масъалаи омӯзиши таърихи ниёгон диққати махсус зоҳир намоянд. Барои тарбияи арзишҳои ахлоқӣ, дониши ҳуқуқии ҳайати шахсӣ ва бо ин васила мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва рафоқати ҳарбӣ чораҳои муассир андешанд.
Ҳамзамон бо истифода аз усул ва намудҳои тарбия, ки дар Консеписияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуданд бо ҷалби намояндагони аҳли зиё ва илм барои баланд бардоштани ҳувияти миллии ҳайати шахсӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ нақши бонувону занонро дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург арзёбӣ карданд. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
«Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.
Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд».
Дар асл мо худ шоҳид ҳастем, ки саҳми занон дар таълиму тарбия, самти тиббӣ, соҳаҳаи ёрирасони Гвардияи миллӣ назаррас аст. Дар асоси дастуру супоришҳои қаблӣ, роҳбарияти Гвардияи миллӣ барои ба кор қабул намудани бонувон тадбирҳо андешида истода, бо дарназардошти он ки занон нисбатан раҳмдиланд ва бо завқу назокат ва меҳри модарона амал мекунанд, ба вазифаҳои мансуб ба таъминот, риояи тартиботу тозагӣ таъин мегарданд.
Масъалаи мазкурро ба инобат гирифта моро зарур аст, ки дар ин самт корҳоро идома дода, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои ба вазифаҳои мувофиқ ва роҳбарикунанда таъин намудани хизматчиёни ҳарбӣ-занон тадбирҳо андешем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фароҳамоварии тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасмандгардонии онҳо сухан карда, ҷавононро «Ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат» номиданд.
Аз ҷумла қайд намуданд, ки «Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.
Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд».
Дар асл ҷавонон як неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, ки саҳми онҳо дар ҳифз ва мудофиаи кишвар назаррас аст. Бештари Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонони бо нангу номус ташкил мекунанд. Аз ин рӯ зарур аст, ки бо хизмати софдилона ва содиқона, ки шароит ва замон онро талаб мекунад бо баланд бардоштани дониш ва маҳорати ҷангӣ бояд сазовори эътимод ва ифтихори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем.
Роҳбари давлат дар ҳамаи баромадҳои худ ҷавононро ояндаи миллату давлат ҳисобида, ҳамавақт таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд илму ҳунар омӯзанд, дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат саҳмгузор бошанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дастгириҳои доимии Сарвари давлатро ба инобат гирифта, баҳри аз худ намудани илми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият, аз худ намудан ва дар сатҳи баланд истифода кардани силоҳҳои навтарин кӯшиш намоянд. Доимо ва дар ҳамагуна ҳолат фарзанди содиқи ин миллат ва сарбози шуҷои ин давлат будани худро собит намоянд.
Дар Паём иброз дошта шуд, ки «Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад».
Риояи талаботи қонунҳои амалкунда аз донишу маърифати ҳуқуқии ҳар як хизматчии ҳарбӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани дониши ҳуқуқии сарбозон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони аҳли зиё ва илм тадбирҳо андешида, барои ҷорӣ намудани адолати иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақти андешида шавад.
Пешвои миллат, бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Супориши мазкур ҳамчун дастгирии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ баҳо дода мешавад ва бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати мамлакат ба хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи хоса дорад. Мо хизматчиёни ҳарбӣ дар навбати худ бояд пеш аз ҳама бо садоқат ва ҷавонмардӣ ба ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳо ҷавоб дода, дар ин рӯзҳои мушкил, яъне аз лиҳози мурракабии вазъияти сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон баҳри дифои Ватан ва иҷрои қарзи фарзандӣ адои вазифа кунем.
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфуз мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар паёми худ вазъи сиёсии минтақаро мураккаб баҳо дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи Афғонистон ҷалб намуда, иброз доштанд, ки «зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки «Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем». Аммо имрӯз, мутаассифона, Афғонистон гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад. Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ шуморида, дар ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки дар доираи имконот барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.
Ин иқдоми башардӯстона бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро идома дода, доимо барои пойдории сулҳу субот на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар дигар давлатҳои ҷангзада низ кӯшиш менамояд.
Роҳбари давлат қайд намуданд, ки «мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.
Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо».
Дар анҷоми баромад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли мардуми ин сарзамин муроҷиат карда, хотирнишон сохтанд, ки: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона, боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
Ва ман зарур мешуморам, ки дар асоси ин муроҷиат ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳамчун марди асил ва ватандӯст бояд дар таъмини сулҳу субот, пешрафти Ватан саҳм гузошта, новобаста аз мушкилоти мавҷуда бо дастгириҳои мунтазами Сарвари давлат, бо иродаи қавӣ ва матонат сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар амал татбиқ намуда, баҳри ояндаи Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем.
Ба диққататон ташаккур!



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.