Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишонаҳои олии давлатдории миллати тоҷик буда, дар худ тамоми гузаштаи неки ниёгон, тоҷдории халқи мо ва ояндаи дурахшони давлатдории моро таҷассум менамояд.
Боиси хушнуди аст, ки аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.Бахшида ба ин рӯз дар тамоми вазорату идораҳо, кумитаву мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои гунони давлатӣ конфронсу чорабиниҳои илмӣ, фарҳангиву варзишӣ доир мегарданд.
Имрӯз дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рӯзи парчами давлатӣ бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил гардид. Чорабинии мазкур бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созу навои Оркестри нафасии Гвардияи миллӣ оғоз шуд. Баъдан аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ, афсарони раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ, афсарону сержантон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии 051052, 051054, 051055 ва 051064 Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Чорабинии тантанавиро муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Собириён Маҳмаднаим оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ карда, хайрамақдам гуфт. Дар бобати Парчами давлатӣ сухан гуфта, ҳамагонро бо ин рӯзи накӯ табрик намуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам низ доир ба қабули Парчами миллӣ сухан гуфта, онро ҳамчун рамзи иттиҳоду ягонагӣ хонд ва аз таърихи парчамдории тоҷикон, раванди азму талошҳо барои таҳияву тасдиқ намудани Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи 16 Шурои Олии Тоҷикистон ва солҳои 1991-1992 ёдовар шуд. Мавзўъро идома дода, ҷавонон-сарбозонро барои пос доштану эҳтироми ин муқаддасот ҳидоят кард. Ҳамчунин дар тақвияти андешаҳо аз эҷодиёти шоирони давр мисраҳои шеърӣ қироат намуд.
Сипас намоянда аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуда, доир ба санадҳои ҳуқуқии ин рамзи муқаддас ибрози андеша кард.
Инчунин афсарону сарбозони баталёни Қаровули фахрии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро, ки бару паҳноиаш 7 ба 14 метрро ташкил мекард, бо фахру эътибори баланд аз майдони сафороӣ ва аз назди минбари ифтихорӣ гузарониданд.
Дар охири чорабинӣ ҳайати шахсӣ таҳти оҳангҳои мутантани ҳарбӣ Суруди ифтихории Горди миллиро иҷро карда, сипас бо рӯҳияи баланду шарафмандӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.
Родмардон