Ҳафтаи равон дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051055 зиёда аз сесад нафар сарбозони навдаъватшудаи Гвардияи миллӣ, ки барномаи ибтидоии хизмати ҳарбиро сарбаландона анҷом додаанд, ба савгандёдкунӣ оварда шуданд. Дар маросими қабули савгандёдкунии наваскарон ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ, масъулини бевоситаи Маркази тайёрии кадрҳо ва волидону пайвандони наваскарон иштирок доштанд. Баъди ба майдони чорабинии тантанавӣ ворид намудани Парчами ҷангии Гвардияи миллӣ, аз ҷониби наваскарон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти оҳанги мутантани Оркестри ҳарбӣ иҷро карда шуд. Сипас бо амри командирони гуруҳҳо наваскарон ба майдон баромада, дар назди командирон ва волидони хеш матни савганди ҳарбиро бо ҳисси баланди ватандўстӣ қироат намуданд. Сарбозон бо иродаи қавӣ ва чеҳраҳои болида савганди ҷавонмардӣ ёд карда, қавл доданд, ки неру ва ҳаёти худро дареғ надошта, Ватанро мардонавор ва моҳирона мудофиа менамоянд.
Баъди бо тантана ёд кардани савганди ҳарбӣ, наваскаронро сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Баҳриддин Азаматзода табрик намуда, барои сарбаландона идома додани хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд. Гуфта шуд, ки савганди ҳарбӣ изҳори иродаи ҷавонмардӣ ва садоқат мебошад, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ онро қабул мекунад. Маҳз савганди ҳарбӣ ҷавонон-хизматчиёни ҳарбиро ба он водор мекунад, ки қонунҳо, оинномаҳои ҳарбӣ ва амрҳои командиронро бе чуну чаро иҷро намоянд ва дар ҳама ҳолат ба халқу Ватан содиқ бимонанд. Ҳамчунин, чанде аз волидони сарбозон ва наздикони онҳо ба минбар баромада, наваскаронро ба ин санаи хотирмони хизмат шодбош гуфтанд.
Маросими савгандёдкунӣ бо гузашти низомии наваскарон аз назди командирону волидон ва дидорбинӣ бо наздикон анҷом ёфт.
Майори гвардия Неъматуллои Холиқ