Имрӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи зимистонаи соли таҳсили 2024 оғоз гардид. Ба ин муносибат дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ-шахсони масъули қисмҳои ҳарбӣ аз фармондеҳӣ иштирок карданд. Шукӯҳу шаҳомати ҷамъомади тантанавиро ба майдон ворид намудани Парчами ҷангии Гвардияи миллӣ ва таҳти созҳои Оркестри ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ садо додани Суруди миллӣ, боз ҳам зиёд намуд.
Дар маросими тантанавии оғози соли таҳсил дар қисми ҳарбии 051054 фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода иштирок карда, пеш аз ҳама ҳайати шахсиро ба саршавии соли хониш табрик намуд. Барояшон дар соли пешору комёбӣ, интизоми намунавӣ, нишондодҳои баланди ҷангиро таманно кард. Сипас аз дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2023 баргузор гардид, ёдовар шуда, таъкид намуданд: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммал, раҳнамои фаъолияти ҳамарӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Мо афсарону сарбозон, пеш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, баъдан муҳофизони марзу буми Ватан, ҳомиёни муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои истиқлоли кишвар буда, ҳаёти осоиштаи миллату давлатро таъмин мекунем. Яъне, аввал ҳамчун шаҳрванд қарзи шаҳрвандӣ, сипас ҳамчун хизматчии ҳарбӣ бояд ба савганд содиқ бошем ва вазифаи ҷангии худро иҷро намоем. Аз ин рӯ, мо дар назди Ватану миллат масъулияти дучанд дорем. Тамоми дастуру супоришҳои Президент-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи хизмат карда, барои дар амал татбиқ шудани онҳо бояд саъю кӯшиш намоем.
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат барои беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмат, заминаҳои таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ба ин восита таъмин намудани амнияти мудофиавии кишвар пайваста тадбирҳои судманд андешида истодааст. Маҳз бо ҳамин мақсад аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд карда шуд. Албатта, аз ин ғамхорӣ мо-хизматчиёни ҳарбӣ изҳори миннатдорӣ ва масъулият мекунем. Минбаъд ҳам ғайрату кӯшиши хешро барои иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ ва қарзи фарзандии хеш равона месозем.
Чуноне ки Пешвои миллат таъкид карданд «Роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.Чуноне ки Пешвои миллат таъкид карданд «Роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.
Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». Ман боварӣ дорам, ки ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ соли 2024-ро бо дастовардҳои намоёни хизматӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти хизматӣ, омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ ҷамъбаст менамоянд.
Дар анҷом аз дастовардҳои Гвардияи миллӣ дар соли 2023 ёдовар шуда, фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар назди ҳайати фармондеҳӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ, командирони сатҳу зинаҳои гуногуни қисми ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани машғулиятҳои таълимӣ, машқҳои амалии саҳроӣ, самаранок гузаронидани онҳо ва ҳаматарафа ба ҳифзу мудофиаи иншооти махсус, вазифаҳои хизмативу ҷангӣ ва барои тайёр намудани сержантону сарбозон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Баъди садо додани Суруди миллӣ иштироккунандагони ҷамъомади тантанавӣ бо қадамҳои устувори сафӣ аз назди минбари ифтихорӣ гузаштанд. Аз омодагии нуқтаҳои таълимӣ ва роҳбарони машғулият полковники гвардия Муҳаммад Иззатзода гузориш дод.
Ҳайати шахсӣ дар 9 нуқтаи таълимӣ машғулиятҳоро оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муомила бо силоҳи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, техникаи зиреҳпӯш ва автомобилӣ, ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои тайёрии ҷисмонӣ, муомила бо моддаҳои заҳролуд ва дар ҳолатҳои зарурӣ расонидани ёрии аввалини тиббӣ назариявию амалӣ аз худ намуданд.
Дар қисми ҳарбии 051055 низ баъди баргузор намудани ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Ҷонибек Ализода машғулиятҳои таълимӣ оид ба пешгирӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар раванди хизмат гузаронда шуд. Машғулиятҳоро афсарони ботаҷрибаи самтҳои муҳими хизмат гузаронида, барои то ба ҳар як афсару сарбоз расонидани қоидаҳои бехатарӣ ва дурусту самаранок гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, васеъ истифода бурдани воситаҳои айёнӣ, заминаҳои таълимӣ, техналогияи муосир саъю кӯшиш карданд. Чуноне ки дар боло қайд кардем, дар қисми ҳарбӣ ҳам машғулиятҳо назариявӣ ва ҳам амалӣ сурат гирифтанд.
Рӯзи якуми саршавии давраи таҳсил дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ бо омодагии ҳамаҷониба гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани чорабиниҳои мазкур иҷрои дақиқи талаботи бехатарӣ дар давоми нимсолаи таълимӣ, иҷрои ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда дар фаъолияти ҳамарӯза, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ аст, ки минбаъд барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои таълимӣ аз ин дастуру усулҳо истифода намоянд. Зеро баъди машғулиятҳо боз ҳам санҷиши маҳорат, машқҳои гуногуни омодабошии ҷангӣ дар пеш аст.
Комилзода Хайринисо