Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи зимистонаи соли хониши 2022 оғоз гардид

430 Аз аввали моҳи январи соли 2022 дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи зимистонаи соли хониш оғоз гардид.
Саршавии соли хониш дар қисми ҳарбии 051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маросими тантанавӣ ва баровардани Байрақи ҷангӣ оғоз гардид. Афсарону сарбозонро ба саршавии давраи таҳсил Фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал- лейтенанти гвардия Ҷамолзода Бобоҷон табрик намуда, таъкид карданд, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳайати роҳбариву фармондеҳии сатҳу зинаҳои гуногунро зарур аст, ки барномаҳои таълимӣ ва мавзуъҳои барои давраи таҳсил пешбинигардидаро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамзамон омодагии роҳбарони машғулиятҳои намоиширо аз назар гузарониданд. Қобили зикр аст, ки машғулиятҳои намоишӣ ва дастурдиҳӣ бо мақсади расондани ёрии амалӣ ба сардорон- командирони звенаҳои гуногун аз рӯи анъана дар рӯзи аввали таҳсил дар нуқтаҳои таълимӣ гузаронида мешавад. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муомила бо яроқи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, техникаи зиреҳпӯш ва автомобилӣ мавзӯи асосии воҳидҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ мебошад, ки ба ҳайати шахсӣ расонида шуд. 430Чунин машғулият оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои тайёрии ҷисмонӣ, муомила бо моддаҳои заҳролуд ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ низ назариявию амалӣ сурат гирифт. Рӯзи якуми саршавии давраи таҳсил дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ бо омодагии ҳамаҷониба гузаронида шуд. Роҳбарони машғулият барои то ба ҳар як афсару сарбоз расонидани қоидаҳои бехатарӣ ва дурусту самаранок гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, васеъ истифода бурдани воситаҳои аёнӣ, заминаҳои таълимӣ, технологияи муосирро амалӣ нишон доданд. Мақсад аз гузаронидани чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ аст, ки минбаъд барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои таълимӣ аз ин дастуру усулҳо истифода намоянд. Зеро баъди машғулиятҳо боз ҳам санҷиши маҳорат, машқҳои гуногуни омодабошии ҷангӣ дар ҳама ҷуъзу том идома меёбанд.


Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.