Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - омили пешравӣ дар хизмат

4 марти соли 2026 дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Прокурори генералӣ - сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Ҳаётзода Фирдавс бо ҳайати афсарони Гвардияи миллӣ доир гардид ва фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Ҷамолзода Бобоҷон ўро ҳамроҳӣ намуд.
130 Дар вохурии мазкур татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ва натиҷаҳои фаъолияти ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар соли 2025 мавриди шарҳу тавзеҳ ва таҳлил қарор гирифт.
Зимни вохурӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, дар ин раванд заҳмату талошҳои Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагии мардуми кишвар саривақтӣ, шоиставу хирадмандона арзёбӣ гардид. Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ҳалли мушкилоти сарҳадӣ, тадбирҳои мушаххас дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ боиси рушди кишвар шудааст. Ҳаёту фаъолияти хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ, ки як рукни асосии ҷомеа ва давлат мебошанд, пайваста зери назорат ва дастгириҳои Президент - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз моҳи сентябри соли равон 20 фоиз баланд намудани музди маоши хизматчиёни ҳарбӣ далели равшани ин ғамхориҳо мебошад.
130 Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки дар робитаву ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавон, маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро баланд бардошта, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳарбӣ, оинномаҳои ҳарбиро таъмин намоем.
Вазъи печида ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ва минтақаро ба инобат гирифта, омӯзиш ва аз худ намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, технологияҳои муосирро ба роҳ мондан зарур аст, то ин ки дар ҳолати зарурӣ сарбозону афсарон вазифаҳои хизматӣ ва ҷангии худро бо маҳорату масъулияти баланд иҷро намоянд.
Дар охир фармондеҳи Гвардияи миллӣ изҳори боварӣ намуд, ки фаъолияти Гвардияи миллӣ зери роҳбарӣ ва ғамхории Сарфармондеҳи Олӣ қарор дошта, барои хизмати софдилонаи сарбозону афсарон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳайати шахсӣ барномаҳои таълимиро аз худ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани вазифаҳои базимадошта ҳамеша омода мебошанд.




 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.