Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, чун паёмҳои пешина лабрез аз эҳсоси гарми ватанпарварона ва факту рақамҳои руҳбаландкунанда аст. Халқи бузургу созандаи тоҷик дар ҳақиқат, давоми 33 – соли соҳибистиқлолӣ корҳои бузургеро анҷом дода, ба бисёр комёбиҳо муваффақ гардидааст. Ин ҳама пирӯзҳо далели садоқат ба Ватан, Сарвари давлат ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб мебошад.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар паём қайд карданд, ки «Дар доираи ҳадафҳои стратегӣ оид ба саноаткунонии босуръат, дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуд».
Оре, давлати ҷавони мо комёб шуд. Дар давоми се даҳсолаи гузашта чор ҳадафи стратегӣ амалӣ гашт, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон баланд гардид. Равшан аст, ки сарчашмаи ҳамаи ин дастовардҳо оромии кишвар, пойдории сулҳу субот ва ҳамдилию иттиҳоди сокинони сарзамини офтобии мо мебошад. Вазифаи ҷонӣ ва инсонии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст, ки ин сулҳу субот ва ваҳдатро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунад.
Душманони миллат ва бадхоҳони давлати ҷавони тоҷикон бо ҳар роҳ кӯшиш карда истодаанд, ки монеаи ин шукуфоӣ ва пешрафт шаванд. Онҳо бо шеваҳои гуногун бо ақлу ҷаҳонбинии ҷавонону наврасон таъсир расонида, онҳоро бо амали ифротӣ ва терроризм ҷалб карданӣ мешаванд. Вазъи ноороми ҷаҳон ва сиёсати давлатҳои бузург моро ҳушдор месозад, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон саҳлангорӣ накунем. Аз хурдӣ дар дили онҳо меҳри Ватан, Модар, фарҳанги миллӣ, таърихи ибратбахш ва забони тоҷикиро ҷой диҳем. Вақте ки ояндасозони Ватан бо ҷавҳари илм ва фарҳанг мусаллаҳ мешаванд, онҳоро ягон нерӯи беруна гумроҳ карда наметавонад. Ояндасозони мо бояд, хуб дарк намоянд, ки: «Модар яктост, Тоҷикистон яктост!». Ва орзую амали онҳо танҳо дар ватани тинҷу ором гул хоҳад кард.
Доир ба ин мавзуи муҳим ва тақдирсоз дар паёми Сарвари давлат омадааст: «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат мебошад».
Таҳлилҳои ҷомеашиносӣ нишон медиҳанд, ки баробари тараққиёти техникаҳои муосири рақамӣ ва пешрафтҳои соҳаҳои гуногуни илм ақидаҳои хурофотпарастиву ифротгароёна ҳам, зиёд мешаванд. Терроризм ва экстремизм бо шаклҳои гуногун зуҳур мекунанд. Ин падидаи номатлуби харобгару сӯзонанда ба тамоми башарият таҳдид дорад. Мубориза бар зидди ин вабои даҳшатнок кори тамоми инсоният аст.
Пешвои муаззами миллат вобаста ба ин мавзӯи доғи рӯз ҳам дар паём дурандешона таъкиди кардаанд «Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигарони овардааст. Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо террориз ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид».
Ҷойи ифтихор ва шукргузории ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар аст, ки Тоҷикистони азизамон бо вуҷуди ҷавон буданаш, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудааст. Ин эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як шаҳрванди мамлакатро ба он водор мекунад, ки дар амалӣ гаштани ҳадафҳо ва ташаббусҳои созандаи кишварамон камари ҳиммат банданд.
Бо изҳори хушнудӣ метавон гуфт, ки паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хурду бузурги кишвар ҳамчун дастури асосии кору зиндагӣ ба ҳисоб рафта, илҳомбахш ва ҳидояткунандаи халқи бузурги тоҷик мебошад. Дар охири матлаб мехоҳам андешаи хешро бо суханони пандомӯз ва созандаи Пешвои миллат аз паёми навбатӣ анҷом бахшам: «Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Сардори шуъбаи ҳуқуқии Раёсати корҳои
фармондеҳии Гвардияи миллӣ
полковники гвардия Сайфуддинзода Дилшод Обиддин