Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ санаи 30 сентябри соли ҷорӣ дар толори қисми ҳарбии 051052 бо мақсади арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ бо ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони аҳли зиё ва забоншиносон, аз ҷумла сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода номзади илми филология, дотсент Шарофат Ҷабборова ва муаллими калони кафедраи забони адабии ҳозираи тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нигина Худоёрова иштирок намуданд. Меҳмононро муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки забон як рукни асосии давлатдорӣ мебошад ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” донистани забони тоҷикӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳиму ҳатмӣ мебошад.
Дар навбати худ меҳмонон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”маълумот доданд. Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат меҳмонон аз таърихи кӯҳан, давраҳои ташаккули забони тоҷикӣ сухан гуфта, таъкид карданд, ки асрҳои 9 ва 10, замони давлатдории Сомониён давраи тилоии забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин давра тамоми умури давлатдорӣ ва коргузории он бо забони тоҷикӣ сурат мегирифт.
Ҳамзамон иброз гардид, ки сарчашмаи истиқлолияти мо ин забон мебошад, зеро аввалин дастоварде, ки соли 1989 халқи тоҷик ба он ноил гардид, қабули қонун “Дар бораи забони давлатӣ”мебошад. Боиси ифтихор аст, ки дар дунё 1,5 миллиард сокинони сайёра бо забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
Дар идомаи вохӯрӣ хизматчиёни ҳарбӣ барои тақвияти андешаҳо ба забоншиносон савол дода, посухҳои аниқу мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳои чорабинӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим ба меҳмонон барои маърӯзаҳои пурмуҳтавояшон изҳори минадорӣ намуда, иброз дошт, ки мо хизматчиёни ҳарбӣ баҳри рушду инкишоф ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ тамоми саъю талоши худро дареғ намедорем, зеро дӯст доштани забон дӯст доштани миллат, давлат ва Модар - Ватан мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа