Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Сарбозони ояндаи кишвар

430 Санаи 5 феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва зиёда аз сад нафар ҷавонписарон аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковники гвардия Собириён Маҳмаднаим меҳмононро хушомадед гуфта, ҷамъомадро кушода эълон намуд. Суруди миллӣ садо дод.
430 Ҳозирин ба хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ барои омода намудани ин чорабинӣ изҳори сипос намуда ва ҳамзамон қайд намуданд, ки имсол 29 - солагии Артиши миллиро ҷашн мегирем ва имрӯз сафҳои онро ҷавонони бо нангу номуси Ватан пур намудаанд. Халқи тоҷик, аз ҷумла мо ифтихор мекунем, ки дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ чунин ҷавонмардон хизмат мекунанд.
Дар ҳузури меҳмонон сарбозони Баталиёни қаровули фахрӣ машқҳои махсуси низомӣ нишон доданд, ки ба ҳозирин писанд омад. Ҳамчунин гурӯҳи дигари сарбозон амалҳои махсуси тактикиро ҳангоми бартараф намудани бетартибиҳои оммавӣ намоиш доданд. Дар идомаи чорабинӣ аз фаъолияти хизматии сарбозону афсарон ошно гардида, аз хобгоҳ, ошхона, хонаи маишӣ, майдонҳои варзишиву тактикӣ дидан намуданд.430 Ба ҷавонписарон-сарбозони ояндаи Ватан хӯроки сарбозӣ пешниҳод карда шуд. Албатта, ҷавонон аз ин амал хушҳол гаштанд.
Аз ҷониби афсарону сарбозон техникаву силоҳи ҷангӣ ба намоиш гузошта шуда, ҷавонон доир ба таъинот ва ҳолати истифодабарии онҳо маълумоти кофӣ гирифтанд.
430 Қисмати ҷолибу хотирмони чорабинӣ ташкили мусобиқа аз намуди бандкашӣ буд. Сарбозон ва мактаббачагон байни ҳам рақобат намуданд. Албатта, сарбозон, ки дарси ҷавонмардӣ омӯхта, ҷисму рӯҳашонро обутоб додаанд, дар ҳама ҳолат муваффақиятро ба даст меоранд.
Дар охир ба ташкилкунандагон ва фаъолон туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ташкилу баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва рафоқати ҷавонон саҳм мегузорад.

Лейтенанти хурди гвардия
Илоҳиҷон Насриддинзода

05.02.2022

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.