15 апрели соли равон дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051055 ба ифтихори сержантону сарбозоне, ки тибқи даъват хизмати ҳарбиро бо муваффақият анҷом дода, ба эҳтиёт рухсат шудаанд, ҷамъомади тантанавӣ, баргузор гардид. Тибқи анъанаи низомиён Парчами ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдон бароварда шуда, таҳти оҳанги оркестри ҳарбӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас, муовини аввали Фармондеҳ - сардори Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори гвардия Ализода Ҷонибек сарбозонро табрик намуда, таъкид кард, ки Шумо дар муддати хизмат таълим гирифта, ҷавонмардони баркамол шудаед. Аз дониш, маҳорату таҷрибаи ҳар яки Шумо на танҳо падару модар, инчунин Ватану миллат умеди калон доранд. Боварии комил дорам, ки аз ин баъд ҳам Шумо бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳамеша дастовардҳои кишвари соҳибистиқлолро муҳофизу нигаҳбон ҳастед ва ба савганди ёдкардаи худ то нафаси охирин содиқ мемонед.
Сарбозоне, ки хизмати Модар-Ватанро бо нишондодҳои баланд ва интизоми намунавӣ ба итмом расондаанд, бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ифтихорнома, мактубҳои минатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фараҳбахшу хотирмони ҷамъомад маросими хайрбод бо Парчами ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Тибқи анъана яке аз беҳтарин сержантони взводи парчамбардори баталёни қаровули фахрӣ маросими хайрбод бо Парчамро анҷом дод: аз саф баромада, назди Парчами Ҷангӣ сари таъзим овард. Сипас гӯшаи Парчамро бӯсида, шиори Гвардияи миллиро ба забон овард: ”Ба Президент, ба Ватан содиқ мемонем”. Дигарон аз паси ӯ такрор карданд. Сарбозон бо яке аз муқаддастарин нишонҳои хизмати ҳарбӣ, ки ҳамеша ҳамсафу фахри онҳо буд, хайрбод гуфтанд.
Дар ҷамъомади мазкур наваскарон, ки дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ барномаи ибтидоии ҳарбиро аз худ мекунанд, иштирок доштанд.
Ҷамъомади тантанавиро таҳти оҳангҳои мутантани ҳарбӣ расми гузашти низомӣ анҷом бахшид. Албатта, ҳар як амали шоиста боиси сарбаландӣ, ифтихору шараф аст. Ба хусус хизмати Модар- Ватан, ки анҷом додани он яке аз меъёрҳои ҷавонмардӣ буда, дар ҳама давру замон қарзу вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа