Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Саҳми тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

430
Рӯзи ғалаба рамзи садоқат, нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувору шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам аст.

Эмомалӣ Раҳмон


Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегарданд. Рӯзи Ғалаба дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад. 9-майи соли 1945 дар таърихи зиндагии мардуми Тоҷикистон ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳифаи нав оғоз гардид ва онҳо тавонистанд бар душмани худ пирӯзӣ бадаст оранд ва ҷашни зафарро дар тамоми иттиҳод тантана намоянд. Ин рӯз барои тамоми собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони зиёда аз 50 миллион нафар халқу миллатҳоро рабуд. Аз ҷумла аз собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ 26 милион нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 90 ҳазор нафари онҳо фарзандони шуҷои Тоҷикистон буданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки барои муҳофизати Ватан ва аз байн бурдани фашизми истилогар дар қатори мардумони ҷумҳуриҳои шӯравӣ бошандагони кишвари мо низ далерона мубориза бурданд. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо ба ҷабҳаҳои ҷанг ворид гаштанд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок намуданд, ки аз ин 250 ҳазор нафар бевосита дар заду хурдҳои шадиди ҷанги зиди фашизм, ҷасорату мардонагиҳои бе мисл нишон дода ва 45 ҳазор (асосан калонсолон) буданд, дар қисмҳои марказӣ ва Сибир барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат ширкат варзиданд.
Тибқи тадқиқоте, ки Роҳат Набиева профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, анҷом додааст, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонуи Тоҷикистон ширкат варзидааст, ки аз ин теъдод 350 нафар снайперчӣ, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар телеграфист, 3750 нафар телефонист ва 4195 нафари онҳо тирандоз буданд.
Бояд иброз намуд, ки бо меҳнати шабонарӯзии мардум дар Тоҷикистон истеҳсоли ангиш 244 ҳазор тонаро ташкил медод, ки нисбат ба соли 1940 40 ҳазор тонна зиёд, истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ аз 200 ҳазор метр дар соли 1945 то 3 милион метр зиёд гардид. Истеҳсоли пахта 178 ҳазор тонна ва нахи пахта 770 тоннаро ташкил дода, чандин милион метр матои шоҳӣ ва даҳҳо тонна маҳсулоти гуногун дар ҷумҳурӣ истеҳсол гардиданд. Аз соли 1941 то соли 1946 дар Тоҷикистон беш аз 20 корхона ва сех ба фаъолият шурӯъ намуд. Маҳз дар ҳамин давра аз ҷониби колхозу совхозҳо 1,5 милион пуд ва аҳолӣ 65 ҳазор пуд ғалла барои фронт фиристонида шуд.
Захму доғи сӯзони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 77 сол аз он сипари шуд, ҳанӯз аз лавҳи хотири шоҳидони зиндаи ин ҳодисаи таърихи мудҳиш фаромӯш нашудааст. Дар ин ҷанг ваҳдату ягонагии халқҳои шӯравӣ муҳаббату ҷонисориҳои аскарону афсарон ғалабаро бар фашизм таъмин кард. Қайд кардан ба маврид аст, ки 54-нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардида, 19 нафар бо се дараҷаи ордени Шараф сазовор дониста шудаанд ва 58 ҳазор нафар корнамоии хеле зиёд нишон доданд, ки ин боиси ифтихори миллати мост.
Мо вазифадорем, ки сабақҳои ин ҷанги мудҳишро аз хотир набароварда, ҳар лаҳзаи ҳаёти осоиштаро эҳтиром бигузорем, азизу гиромӣ доштани ин ғалабаро фаромӯш накарда, ҳама якдилона алайҳи мақсадҳои нопоки ҷангу ҷидолҳои нав мубориза барем.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имруз 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Соли гузашта, тибқи маълумоти Раиси Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҳмат Қудратов собиқадорон 98 нафар будаанд. Ду сол пеш, дар соли 2020 бошад, Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорон ҷашн гирифтаанд. Калонтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов мебошад, ки дар шаҳри Ҳисор умр ба сар мебарад, имсол 110-сола мешавад. Ӯ 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.
Имрӯз барои ҳифзи осудагии Ватан бори масъулияти ватандорӣ ба зиммаи мо ҷавонон мебошад. Ин масъулият ҳамеша дар муқобили ҷонибдорони ҷанг устувор аст ва агар лозим шавад баҳри сарсабзии ин ватани азизи хеш ҷони худро нисор месозем. Эҳсоси ватандӯстӣ моро водор месозад, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳамеша ҳифз намоем.
Мо насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии ватани хеш сарф менамоем. Мо шукргузорӣ аз он мекунем, ки бо заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат, дар кишвар сулҳу ваҳдат поянда буда, мустаҳкаму побарҷост ва мо дар фазои Истиқлолияти давлатӣ озодона зиндагӣ мекунем.
Ҳамаи мо чун фарзандони миллати соҳибихтиёр бояд ҳамеша шукронаи неъмати бузурги соҳибватаниро ба ҷо орем, ба Ватан содиқона хизмат кунем, барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошем. Наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳи тарбия намоем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиву давлати соҳибистиқлол, оромиву суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона созем.


Капитани гвардия Абдулвосит Расулзода
сардори Бойгонии марказии раёсати корҳои фармондеҳӣ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.