Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Саҳми ман- дар шаҳри ман

130 Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба эълон намудани Соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо омода карда шудааст. Дар асоси ин чорабиниҳо бо ташаббуси ҳайати фармондеҳӣ хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, ки дар гарнизони Душанбе ҷойгиршудаанд, барои тозаву озода намудани каналу ҷӯйҳо, аз партовҳои гуногуни маишӣ, роҳҳои пиёдагарду канори шоҳроҳи нав дастҷамъона сафарбар гардиданд. Қад-қади роҳи калон, ки чанде пеш бо ташаббуси шаҳрдори Душанбе ба истифода дода шудаааст, зиёда аз 300 нафар афсарону сарбозон ба гурӯҳи бонувони тозакори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пайваста, дар ободу зебо намудани ин гӯшаи диёр саҳм гузоштанд. Хизматчиёни ҳарбӣ масофаи се километр канори роҳро, ки аз гардиши маҳаллаи Озодии занон то бозори Балхи ҳудуди ноҳияи Синоро аз алафҳои бегона, хасу хошок ва дигар партовҳо тоза карданд.
130 Қобили зикр аст, ки ташаббуси роҳбарияти Гвардияи миллӣ ба иқдоми шаҳрии ҷавонон “Саҳми ман дар шаҳри ман” рост омад. Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, пайравии ҷавонони пойтахт ба ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад. Иштироки фаъолонаи ҷавонон-хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди корҳои ободониву созандагӣ, нишони эҳтирому ифтихор аз пойтахти ватани маҳбуб мебошад, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон минбаъд ҳам идома меёбад.
130

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.