Санаи 21 сентябри соли ҷорӣ наздики 200 нафар хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват курсҳои тайёрии командирони отделенияҳо ва мутахассисони хурдро дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ хатм намуданд. Дар робита ба ин дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051055 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим иштирок намуд. Мавсуф дар аввал сарбозонро барои бо муваффақият хатм намудану аз худ намудани барномаи таълимӣ табрик гуфта, дар идомаи фаъолият барои ба Президент ва халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат намуданашон комёбӣ таманно кард. Ҳамчунин аскаронро мушовири фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерали мустаъфӣ Қалъадор Бақоев табрик намуд ва иштирокчиёни чорабиниро барои хизмати шоиста ба манфиати Модар-Ватан, нигоҳ доштани шарафу номуси ҷавонмардӣ, аз худ кардани илми ҳарбӣ, риояи қатъии талаботи Оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуд.
Сипас, бо фармони сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба сарбозон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, аз ҷумла сержанти гвардия, сержанти хурди гвардия, ефрейтори гвардия ва ба як гурӯҳи хатмкардагон барои интизоми намунавӣ ва кӯшишу ғайрат дар раванди таълим Ифтихорнома супорида шуд. Ҳайати шахсии номбурда, тибқи фармон ба қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томи Гвардияи миллӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ сафарбар гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати шахсии мазкур ҳанӯз се моҳ пеш бо пешниҳоди командирони қисмҳои ҳарбӣ ва бо фармони фармондеҳи Гвардияи миллӣ барои омӯзиш ва аз худ намудани барномаи таълимӣ ба Маркази тайёрии кадрҳо ҷалб гардида буданд. Дар ин асос мураббиён ва афсарони собиқадори хизмати ҳарбӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро дар заминаи Маркази тайёрии кадрҳо ва машқгоҳи саҳроӣ гузаронида, ба сарбозон дониш, маҳорату малакаи касбӣ омӯхтанд. Хатмкардагони курсҳои мазкур сафҳои Гвардияи миллиро бо мутахассисони хурди техникӣ: командирони экипаж, механик-ронанда, нишонгир-наворбар ва командирони отделения пурра мегардонанд.
Лейтенанти гвардия Илоҳиҷон Насриддинзода