Дар асоси ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 то 26 ноябри соли 2021 гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии гвардия таҳти роҳбарии Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода бо сафари хизматӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд. Меҳмононро дар фурудгоҳи «Тошкент» Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Р.Ҷӯраев пешвоз гирифт. Сипас, мувофиқи нақшаи ташрифи расмӣ Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва ҳамроҳонашро дар саҳни Гвардияи миллии Ӯзбекистон қаровули фахрӣ бо тантана истиқбол намуд. Вохурии ҳар ду ҷониб дар толори маҷлисҳо идома ёфт. Дар аввал генерал-лейтенанти гвардия Б. Ҷамолзода аз муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя ва ҳамфарҳанг ибрози андеша карда, оғози ҳамкорӣ ва ояндаи онро нек арзёбӣ кард. Дар идомаи суҳбат генерал-майор Р.Ҷӯраев Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва ҳайати гурӯҳро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, ҳамкории ду сохтори бонуфузро фоли нек таъкид кард.
Дар анҷоми вохурӣ роҳбарони мақомот Нақшаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соли 2022 ба имзо расонданд, ки татбиқи чорабиниҳоро дар самти тайёр намудани кадрҳо, мубодилаву такмили ихтисос дар фаъолияти хизматӣ пешбинӣ намудааст.
Дар идомаи ташрифи расмӣ ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи амнияти Ҷамъиятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази таълимии махсусгардонидашуда, Боғи Ғалаба ва чанде аз Ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуданд.
Ташриф дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сатҳи баланди меҳмоннавозӣ сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>