Санаи 13-уми ноябри соли равон дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллӣ чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ дар доираи ҳамкориҳои Гвардияи миллӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташаббуси бевоситаи масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур, намояндагон аз дастгоҳи марказии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аз фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маърӯзачиён нахуст ҳайати шахсии афсарону сарбозонро ба ҷашни фархунда-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз муҳимтарин санаи таърихиву сарнавиштсози миллат-Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ табрик намуданд. Бо ифтихор иброз доштанд, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсоз бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Зеро баъди ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ аввалин қадамҳои устувор дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдати комил, побарҷо нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ва даҳҳо комёбиву пешравиҳои муҳим гузошта шуд ва афзуданд, ки тули истиқлоли давлатӣ кишвари азизи мо зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои фаъолияти давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо роҳбари сиёсатмадору раиятпарвараш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Дар қисмати фарҳангии чорабинии тантанавӣ, ки дар ҳузури ҷавонписарони синни то даъвати хизмати ҳарбӣ доир карда шуд, аз тарафи меҳмонон ба як қатор афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.
Дар охир аз ҷониби якчанд хизматчии ҳарбӣ ҳамчун нишони садоқату вафодорӣ дар васфи Пешвои миллат - Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон порчаҳои назм қироат карда шуд.
Неъматуллои Холиқ – майори гвардия