Имрӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-полковники гвардия Ҷамолзода Бобоҷон, муовинони фармондеҳ, хизматчиёни ҳарбӣ-занону бонувон, кормандони ғайринизомӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои фармондеҳии Гвардияи миллӣ иштирок намуданд.
Дар аввал фармондеҳи Гвардияи миллӣ бонувонро ба Рӯзи фархундаи Модар табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо барору комёбӣ таманно намуд.
Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳаёту фаъолияти занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа таҳти назорат ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чандин барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст. Имрӯз занони муваффақро дар ҳама соҳаҳо: иқтисод, саноат, илму техника, маориф, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тиб, сохторҳои низомӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа дидан мумкин аст.
Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ занону бонувони далеру қавиирода хизмат мекунанд, ки фаъолияти онҳо боиси ифтихору қадрдонӣ мебошад. Аз ин ҷост ки Пешвои миллат дар суханрониҳо саҳми бонувонро дар Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас арзёбӣ карда, барои хизмати софдилона ва фаъолияти пурсамари онҳо имконият, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароитҳои мусоид фароҳам кардаанд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ хизмати софдилонаи хизматчиёни ҳарбӣ- бонувон аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ қадрдонӣ карда шуд.
Барномаи консертии оркестри ҳарбӣ ва суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандон анҷомбахши чорабинии тантанавӣ гардид.