Дар замони муосир яке аз падидаҳои номатлуби рӯз, ки ба муваффақона амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон монеаҳо эъҷод мекунад, коррупсия мебошад. Ин падида на танҳо нуфузи мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ коста мегардонад, балки болоравии иқтисодиёт ва таъмини иҷтимоиро бозмедорад, хатари бӯҳрони иқтисодиро метезонад. Аз тарафи дигар ба вайроншавии мувозинати байни шохаҳои ҳокимият оварда расонда, боварии халқро ба давлат коста ва дуршавии ҷомеаро аз давлат дучанд мегардонад, ҳатто ба ояндаи давлату миллат таҳдид мекунад.
Агар ба таърихи пайдоиши мафҳуми «коррупсия» (аз лот. corruptio-вайрон кардан, харида гирифтани мансабдорони давлатиро ифода мекунад) назар афканем, он якчанд ҳазорсоларо дар бар гирифта, ба андешаи бештари олимон нишонаҳои аввалини онро дар бойгониҳои Бобулистони Қадим ва ҳамчунин дар қонунҳои машҳури Хамураппи, инчунин дар Қонуни 12-ҷадвали Рими Қадим, ки ҷадвали нуҳӯмаш ба кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта бахшида шуда буд, мушоҳида кардан мумкин аст. Таърихнигорон ва олимон ба он хотир таърихи коррупсияро ба замонҳои пеш ишора мекунанд, ки дар қонунҳои дар боло зикргардида ҷазоҳо барои кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта муқаррар гардида буд ва аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта дар он замон зуҳур карда буд.
Дар баробари ин динҳои ҷаҳонӣ низ коррупсияро маҳкум карда, онро падидаи номатлуб, яъне доғи рӯз хондаанд. Аз ҷумла пайғамбари ислом Муҳаммад (с) фармудаст: «Ришвадиҳанда, ришвагиранда ва миёнарави байни ҳарду дар оташи дӯзаханд». Аз ҷониби дигар пайғамбари ислом чунин ашхосро сазовори лаънати Худованд хондааст.
Аслан раванди ташаккули коррупсия ба асрҳои миёна рост омада дар ин давра васеътар доман паҳн мекунад. Яке аз арбобони намоёни сиёсии он замон Николло Макиавелли коррупсияро ба беморие шабоҳат додааст, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон, дар интиҳо бошад аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир мегардад.
Баҷиноятҳои характери иқтисодӣ ва коррупсионидошта бобҳои 27 ва 30 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 40 ҷинояти пешбиникардаи ин кодекс мансуб аст аз он ҷумла: Порахӯрӣ яке аз падидаҳои иҷтимоии аз давраҳои қадим маълум мебошад ва он харидани шахсони мансабдорро ифода мекунад, ки ин кирдор ҳамавақт кирдори барои давлату ҷамъият хавфнок аст. Порахӯрӣ яке аз элементҳои коррупсия буда, аз тарафи ду нафар порадеҳ ва порагир содир шуда метавонад. Як субъект ҷинояти мазкурро содир карданаш мумкин аст. Гирифтани пора ба категорияи ҷиноятҳои дараҷаи миёна, ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои вазнинкунанда (қ 2-4 м. 319 КҶ ҶТ) ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин дохил мегардад.
Дар баробари ин ҳангоми содир намудани ҷинояти гирифтани пора на фақат порадиҳанда ва порагир, балки миёнарав ва дигар шарикон иштирок мекунад. Миёнаравӣ бештар дар ёрирасонӣ (бурдани гуфтушунид бо порадиҳанда ва порагир, ташкил намудани вохӯрии онҳо, додани пора ба шахси мансабдор) ё дар таҳрикнамоӣ ва ёрирасонӣ (бо шахс таклиф намудани додани пора ва мутобиқатнамоӣ ба он) ифода меёбад. Бинобар он ҳаракатҳои миёнарав ҳамчун шарикӣ дар додан ё гирифтани пора вобаста ба нақши ӯ дар содир намудани ҷиноят бандубаст мегардад. Ба сифати шарик ҳангоми гирифтани пора шахси мукаллафӣ ба синни 16-солагӣ расида баромад карда метавонад.
Мутобиқи моддаи 320 Кодекси ҷиноятии ҶТ дар баробари порагирӣ порадиҳӣ низ ҷиноят эътироф шудааст ва додани пора зинаи аввали гирифтани пора мебошад. Агар шахсони порадиҳанда набошад он гоҳ порагирон ҳам намебуданд. Дар бештари мавридҳо ҳангоми дастгир гардидани шахсони мансабдор аз тарафи мақомот бо ҷурми порагирӣ онҳо чунин баҳона пеш меоранд, ки гӯё порадеҳ ӯро барои гирифтани пора маҷбур карда бошад. Аммо ин моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ боз меъёри ҳавасмандкуниро муқаррар мекунад, ки шахси порадиҳанда ё порагирандаро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекунад. Дар ҳолате, ки аз ҷониби яке аз онҳо оиди гирифтан ва ё додани пора ихтиёран ба мақомоте, ки ба кушодани парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад, хабар диҳад. Мақсади асосии меъёри номбаршуда осон намудани мубориза бар зидди порагирӣ ва порадиҳӣ, инчунин ошкор кардани ин категорияи ҷиноятҳост.
Тарафҳои нозукии корро ба инобат гирифта қонунгузор меъёри навро ба Кодекси ҷиноятӣ дохил карда дар амал ҷорӣ намуд то ки шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои хизматии худро бовиҷдонона мувофиқи талаботи қонуният ва адолат адо мекунанд, аз тӯҳматҳои хушку холӣ эмин бошанд. Дар ҳақиқат, дар ҳаёт ҳолатҳое ҷой доранд, ки шахсони алоҳида бо нияти ба мақсади худ расидан (асосан мақсадҳои ғайриқонунӣ) кӯшиш мекунанд, ки шахсони мансабдорро барои ба фоидаи худ иҷро кардан ё накардани амалҳои муайян водор намоянд. Бинобар ин, бо мақсади беобрӯ ва сиёҳ кардани шахси мансабдор, гунаҳкор бе маслиҳати пешакӣ, яъне, бе розигии шахси мансабдор, кӯшиш мекунад предмети пораро (ришваро) бо ӯ супорад ва ба ҳамин роҳ ба таври сунъӣ «далели лозимиро» оид ба гирифтани пора ба вуҷуд оварад ва ин дар Кодекси ҷиноятии ҶТ иғвои порадиҳӣ эътироф шуда барои содиркунандагони чунин кирдор бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо муқарар карда шудааст.
Ташкили муборизаи зиддикоррупсионии давлатӣ самараи дилхоҳ медиҳад агар:
ҳокимияти қонунгузор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиеро қабул кунад, ки дар онҳо «даричаҳо» ва ё меъёрҳои ба муносибатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда мавҷуд набошад;
ҳамаи мақомотҳои давлатӣ аз болои самаранок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ назорат баранд;
баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи зиддикоррупсионии ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон;
ба як низоми муайян даровардани танзими давлатӣ (литсензиякунонӣ, бақайдгирии давлатӣ, сертификатсиякунонӣ ва ғ);
аз тарафи давлат таъминоти пурраи моддии хизматчиёни давлатӣ;
ба таври ғайринақдӣ ҷорӣ намудани муомилоти маблағҳо
аз тарафи суд нисбати содиркунандагони кирдорҳои коррупсионӣ таъин кардани ҷазоҳое, ки онҳоро дар руҳияи риояи қонунҳо тарбия намояд;
иштироки фаъолонаи васоити ахбори омма дар фошсозии кирдорҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷомеа.
Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар кишвар дар ҳоле самараи дилхоҳ дода, барои ба пуррагӣ решакан шудани он мусоидат мекунад, агар ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва васоити ахбори омма, хулоса тамоми ҷомеа якдилона бар зидди ин падидаи номатлуб муборизаи беамон баранд.
Капитани гвардия Шавкат Бобоҷонзода
қисми ҳарбии 051054
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>