Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ –РАҚИБИ МАФКУРАВИВУ ИДЕОЛОГӢ

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон

Экстремизм ва терроризм яке аз таҳдидҳои асосии асри XXI ба ҳисоб меравад, ки ба вазъи сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тамоми кишварҳои олам таъсир мерасонад. Муноқишаҳое, ки боиси амалҳои террористӣ мегарданд, бо мурури замон афзоиш меёбанд ва хоси як минтақа ё як кишвар нестанд. Гурӯҳҳои гуногун бо истифода аз он ҳадафҳои сиёсию иқтисодиро ҳал карданӣ мешаванд.
Экстремизм ва терроризм падидаҳое нестанд, ки дирӯзу имрӯз пайдо шуда бошанд. Онҳо решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Таҳқиқи илмии зуҳури чунин амалҳои иртиҷоӣ дар таърихи башарият барои дарки моҳияти амалҳои террористии муосир аҳамияти хоса дорад. Зеро он барои муайян кардани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии экстремизм ва терроризм дар айни замон мусоидат мекунад.
Экстремизм андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсоният ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, касро аз андешаҳои солим дур месозад.
Феълан, гурӯҳҳои махсуси ташкилшудаи тарғиботӣ аз як тараф ба таври озод ва аз сӯи дигар тавассути расонаҳои хабарӣ андешаҳои ғаразноки худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва мафкураи одамон, махсусан ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд ва онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд.
Аммо, ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки мушкилоти азимтарине, ки то ба имрӯз роҳи ҳалли пуррааш дарёфт нагардидааст ва дар ҷаҳони муосир новобаста аз пешрафти илму технология боқӣ мондааст, ин мушкилоти мафкуравӣ мебошад. Роҳи ҳалли масъалаи мазкур, содаву осон нест. Агар мо ба таърихи пурғановати худ назар афканем, маълум мегардад, ки фарзандони донишманду соҳибхирад ва дурандешу фозили миллат дар роҳи ҳалли омилҳои номатлуб кӯшишҳои зиёде кардаанд ва мафкураи халқро тағйир дода, хостаанд, ки ҳамеша ба туҳмату бӯҳрон гирифтор нашаванд. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши низоъҳои мазҳабию динӣ, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дар ин замина ба майдони ҷанг табдил додани давлатҳо мебошад, ки маҳз ҳамин мушкилот фазои сиёсии ҷомеаро пурра халалдор месозад.
Дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ аз 15 ноябри соли 2000, омадааст: «Ҷинояткории муташаккил асоси офариниши таҳдидҳо ба бехатарии миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо ба сохторҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ, балки ба сохтори давлатдорӣ таҳдид намуда, боиси фалаҷ гаштани фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидааст».
12 декабри соли 2000 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конференсияи доирнамудаи Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ» дар шаҳри Полермои Италия гуфта буданд, ки «Ҷиноятҳои муташаккил хусусияти глобалӣ гирифта, аз доираи як давлат баромада истодаанд». Бо мақсади пешгирӣ аз ин ҷиноятҳо дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд».
Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангӣ вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти қудратӣ бо аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо хеле муҳим мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баён доштаанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Терроризм ин амали зӯроварии ғайриқонунии муташаккил буда, бар зидди сохти конститутсионӣ равона гардида, мақсади тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ мутаваҷҷеҳ гардонидани онҳо мебошад.
Мафҳуми терроризм, ки аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънои луғавиаш тарсу даҳшат ва дар фаҳмиши истилоҳияш бо роҳи зӯрӣ, ҷазоҳои ҷисмонӣ ва ҳатто бо суиқасду куштор аз байн бурдани рақиби мафкуравию идеологӣ мебошад, ба зоти худ зуҳуроти нав нест.
Терроризм – маҷмуи аломатҳоест, ки ба фаъолияти ҷиноӣ мансуб мебошад. Яъне терроризм – ин ҷиноятест, ки нисбати гурӯҳи одамон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки муайяне амалӣ карда мешавад.
Терроризм зуҳуроти вазнин ва хатарноки замони ҳозира мебошад, ки ба талафоти бештари молию ҷонӣ оварда мерасонад. Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро саривақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Сардори шуъбаи тайёрии тарбияи ватандӯстии
Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
подполковники гвардия
С.Шерализода

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.