Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Рамзи пирӯзии давлат

430 Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми саодатманди тоҷик имкон дод, ки ба арзишҳои миллии худ аҳамияти ҷиддӣ дода, рамзҳои давлатдории худро (Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ) қабул намояд.
Яке аз дастоварди гаронарзиш аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Парчами давлатӣ мебошад. Қабули парчаме, ки мояи ифтихор ва эътибори миллат буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ ба шумор меравад.
Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад.
Вобаста ба парчамдории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошанд».
Парчам таърихи зиёда аз севунимҳазорсола дорад ва парчамҳои аввалин дар кишварҳои бостонии Рими қадим, Миср, Эрон ва Чин пайдо шудаанд. Мисриён ба сифати парчам найзаеро, ки он бо ҳайкалчаҳои гуногунранги одамӣ баста шуда буданд, истифода мебурданд.
Парчам таърихи зиёда аз севунимҳазорсола дорад ва парчамҳои аввалин дар кишварҳои бостонии Рими қадим, Миср, Эрон ва Чин пайдо шудаанд. Мисриён ба сифати парчам найзаеро, ки он бо ҳайкалчаҳои гуногунранги одамӣ баста шуда буданд, истифода мебурданд.
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва нисбат ба парчам эътиқоди хосса дошта, ба он арҷ мегузоштанд. Аз замони қадим то рӯзгори мо вобаста ба ҳукмронии сулолаҳо парчамдории тоҷиконро чунин шарҳ медиҳанд:
- Дирафши ковиёнӣ;
- Штандарти империяи Ҳахоманишӣ;
- Дирафши давлати Ашкониён;
- Дирафши давлати Сосониён;
- Дирафши давлати Сомониён;
- Дирафши сулолаи Ғӯриён;
- Парчами Аморати Бухоро;
- Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон;
- Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Парчам ҳамеша аз порчаи зебою нафис сохта шуда, дар он вобаста ба таърихи давру замон рамзҳои диловарию некӣ, шуҷоату қудрату тавоноӣ ва нишонаҳои миллию табиӣ таҷассум меёбад.
«Парчам нишонаи ҳокимият дар як қаламрав мебошад ва боло шудани он рамзи пирӯзӣ маҳсуб меёбад» - бо ҳисси баланди ватандорӣ қайд менамояд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар он се рахи ранга ба таври уфуқӣ ҷой гирифта, рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди байн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Рангҳои парчам ва тасвирҳои дар он нақшгардида рамзҳои махсусро ифода мекунанад. Ранги сурх— ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлол ифода ёфтааст.
Ранги сафед дар Парчам – ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед ва покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта тимсоли рамзи покию тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулматро мефаҳмонад.
Ранги сабз дар Парчам – ҳамчун нишонаи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати мардуми тоҷик барои сарсабзу хуррам гардонидани Меҳан мебошад, ки дар гузашта маънои рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.
Акси тоҷ дар Парчам маънои соҳибдавлатӣ ва суннатҳои бузурги давлатдории куҳанро ифода мекунад. Акси тоҷ нишони ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллиро бозгӯ менамояд.
Ҳафт ситораи Парчам бошад маънои ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафт хони Рустам, ҳафт син, ҳафт шин ва ҳафт рӯзи ҳафта ифода мекунад.
Бо мақсади боз ҳам зиёдтар арҷ гузоштан ва рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он 24 – ноябр «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардида, ба нишони эҳтирому садоқат ва иродат ба Парчами миллӣ ҳар сол ин рӯз бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Соли 2011 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр партавафшон шуд. Ҳаҷми парчам 60х30 метр аст.
Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ, ҳувияти миллӣ, тоҷи шарафу шон, дасти боло, рӯйи сурх, сари баланд ва шиносномаи кишвари офтобрӯяи тоҷикон аст.
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ, дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ арҷгузорӣ ва ифтихор аз давлат, аз гузашта, аз имрӯз ва фардои халқ буда, яке аз омилҳои худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Мардуми шарифи тоҷик зери парафшонии Парчами давлатӣ, ки як нишони Ватан, шуҳрату шон, эътибору шараф ва ифодагари нангу номуси миллӣ аст, гомҳои устувор гузошта, тавонистанд худро бо музаффариятҳои нав ба нав дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
430


Саодат Сатторӣ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.