Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Раҳоӣ аз хурофот ва исроф

130 Бо ташаббуси Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар толори қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллӣ вохӯрии ҳайати афсарони Раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯриро муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоз намуд. Сипас, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ҳасанзода суҳбатро идома дода, қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба занон ва нақши онҳо дар ҷомеа ба тасвиб расидааст. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту фаъолияти занон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки нақши занону-модар дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон муҳим буда, асоси пешрафти ҷомеа ва нигоҳ доштани арзишҳои милливу оилавӣ аз саҳми барҷастаи модарон вобастагии амиқ дорад. Бо ифтихор иброз гардид, ки саҳми занону модарон дар баробари рисолати модарӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар хизмати ҳарбӣ, дар сафи муҳофизону родмардони шуҷои Ватан беназир аст. Дар идомаи баромад ба масъалаи симову либоси миллии бонувон, хушунату зуроварӣ дар оила, худдорӣ аз тамоюлҳои хурофот, исроф ва фарҳанги бегона диққати ҷиддӣ зоҳир намуданд.
130
Намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаҳои худ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар соҳаи дин ва ҷашну маросимҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, аз қабул ва дар амал татбиқ намудани қонуни миллӣ, дар бораи танзим ва ҷашну маросимҳо,таѓйиру иловаҳо ба он андешаронӣ карданд. Зикр шуд, ки қабул шудани қонуни мазкур дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардум таъсири мусбӣ гузошта, он ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятро ба танзим медарорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар гардонидани шароити иқтисодию иҷтимоии мардум ва таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум пайваста тадбирандешӣ менамояд. Қонуни мазкур дар амали гардонидани ҳадафҳои олии ҳукумати кишвар ва бо тарзу тартиби муайян баргузор намудани ҳама гуна ҷашну маросим нақши муҳим мебозад.
130 Дар охир аз иштирокдорони толор даъват ба амал оварда шуд, ки пеш аз ҳама дар роҳи таълиму тарбияи фарзандон, ҷилавгирӣ аз ҳаргуна хурофот ва роҳ надодан ба исрофкорӣ аз ҳарвақта дида, бештар кӯшишу талош намоянд.
130




 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.