Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мубодилаи таҷриба

Ҷамъомади дурӯзаи таълимӣ-методӣ бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар ҷамъбасти соли хониши 2024

430 Ҳамасола тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал ва нимсолаи дуюми соли хониш бо мақсади такмили донишҳои сиёсию ҳуқуқии муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, расонидани кумаки методӣ дар фаъолияти хизматӣ, мубодилаи таҷрибаи якдигар ва баррасии натиҷаи фаъолияти масъулини самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ҷамъомадҳои дурӯзаи таълимӣ-методӣ баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, рӯзҳои 13 - 14 декабри соли ҷорӣ дар заминаи қисми ҳарбии 051064 ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ташкилу баргузор гардид. Баҳри рангорангу таъсирбахш ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷамъомади мазкур роҳбарони машғулиятҳо аз ҳисоби мутахассисони раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, ки устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд, инчунин намояндагони Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида буданд. Мавзуъҳои таълимӣ низ аксаран хусусияти таълимию методӣ дошта, баҳри расонидани кумаки методӣ дар фаъолияти хизматии иштирокчиёни ҷамъомад интихоб гардида буданд. Масалан: аз ҷониби дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мутахассиси Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Хуршед Холов дар мавзуи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машғулият гузаронида шуд, ки дар рафти он ба иштирокчиёни ҷамъомад доир ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбия, заминаҳои тарбияи миллӣ, унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ ва марҳилаҳои тарбия маълумоти муфассал дода шуд, ки онҳо метавонанд ин донишҳои худро дар татбиқи амалии Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
Мутахассиси раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Ҷурабоев Ҷонибек бошад дар мавзуи «Каҷрафторӣ дар хизмати ҳарбӣ» машғулият гузаронида, доир ба каҷрафторӣ дар хизматчиёни ҳарбӣ ва намудҳои он, каҷрафторӣ дар вазъияти ҷангӣ ва дигар ҳолату хусусиятҳо ба ҳозирин маълумоти дақиқ дод.
Аз ҷониби намояндаи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Мусаввирзода Ҷамшед дар мавзуи «Сабаб ва асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ. Таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ. Тартиби азназаргузаронии ҷойи ҳодиса» машғулият гузаронида шуда, ба иштирокчиён, ки бевосита таҳқиқчиёни қисмҳои ҳарбӣ ва масъули тарбияи ҳайати шахсӣ мебошанд, доир ба таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, тартиби оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, аз рӯи тобеият фиристодани парванда ба мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, инчунин азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки яке аз муҳимтарин раванди тафтишот мебошад, маълумоти муфассал дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Аминов Бурҳониддин ва Чилахонзода Раҷабалӣ дар мавзуи «Тартиби дурусти ҳуҷҷатгузории комиссияҳои ҷамъиятӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба танзими ҷашну маросими хизматчиёни ҳарбӣ» машғулият гузаронида шуд. Дар ин машғулият аксарият фаъол буданд ва он бештар ба таври мубоҳиса сурат гирифта, намояндагони Кумитаи мазкур баҳри риояи дақиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», фаъолияти дурусти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросими хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ин самт ба ҳозирин тавсияҳои муфид дода, кумаки методӣ расонданд. Дар анҷоми машғулият баҳри пешрафти кор ба ҳозирин шакли электронии ҳуҷҷатгузории намунавӣ дар ин самт пешниҳод карда шуд.
430 Машғулияти дигаре, ки ниҳоят таъсирбахш гузашт дар мавзуи «Созмону ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо» аз ҷониби намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон капитан Исайнов Меҳрдод гузаронида шуд. Машғулияти мазкур аз рӯи мазмуну муҳтаво барои баланд бардоштани масъулияти шахсӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии иштирокчиён хеле саривақтӣ ва муҳим буда, дар рафти он доир ба мақсаду маром ва роҳу усулҳои фаъолияти созмону ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, хатари онҳо ба ҷамъият, хусусан сулҳу субот ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои зарурӣ дода шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбари машғулият вобаста ба омӯзиши дақиқи ҳайати шахсӣ, муайянкунӣ ва пешгирии шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба чунин созмону ҳаракатҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкории зич тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамаи машғулиятҳо тавассути воситаи аёнии «проектор» ба тариқи «слайд»-ҳо гузаронида шуданд ва аз ҷониби муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён М. ба иштирокчиён дастур дода шуд, ки дар қисмҳои ҳарбӣ низ бо дигар масъулини самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ҷамъомадҳои дурӯзаи таълимӣ-методӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо омодагии хуб ташкилу гузаронида шаванд.
Ҳамин тариқ, тибқи нақшаи тасдиқшуда, нимаи дуюми санаи 14 декабри соли равон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар соли хониши 2024 баргузор гардид.
подполковники гвардия Ф. Музаффариён,
сардори шуъбача оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии
раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.