Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Қабули наваскарон дар Гвардияи миллӣ


Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони синни даъвати солҳои таваллудашон 1998-2007 ба сафҳои Артиши миллии кишвар шомил гардиданд. Дар рӯзи аввали даъват аксарият шаҳру навоҳии кишвар дар натиҷаи саъю кӯшиш ва фаъолияти дастҷамъонаи кормандони мақомоти марбута, падару модарон, аҳли ҷомеа ва ташаббуси бевоситаи ҷавонони худогоҳ нақшаи даъватро сарбаландона иҷро намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони ба ору номуси кишвар пеш аз ҳама моҳияти Ватан-Модар, муқаддас будани сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи ҳар ваҷаб хоки поки Ватанро дарк карда метавонанд ва баҳри ҳифзу ҳимояи он ҳамеша омода ҳастанд.
130 То оғози мавсими даъвати баҳории шаҳрвандон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида Маркази тайёрии кадрҳо ва ротаҳои таълимии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба қабулу ҷобаҷогузории наваскарон омода шуданд. Хобгоҳу ошхона, синфхонаҳои таълимӣ, хонаҳои маишиву фароғатӣ, майдонҳои варзишиву тактикӣ, майдони сафороӣ, нуқтаҳои тиббӣ ва дигар мавзеъҳои пешбарии хизмат барои наваскарон аз нав таъмиру таҷдид карда шуданд.
Санаи дуюми апрел аз ҷониби намояндагони Гвардияи миллӣ, ки дар комиссияи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ таъин гардидаанд, аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе зиёда аз сад нафар ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро ихтиёр кардаанд, ба Маркази тайёри кадрҳо ва дигар ҷузъу томҳо ворид шуданд. Тавре сардори шуъбаи ташкил ва сафарбарии Сарситоди Гвардияи миллӣ полковники гвардия Қурбоналӣ Исоев иброз намуд: “Мавсими даъват муташаккилона идома дорад ва боиси хушнудист, ки ҳангоми суҳбат бо бисёр ҷавононе вомехӯрдем, ки пеш аз омадан ба хизмати ҳарбӣ дар бораи Гвардияи миллӣ маълумот доранд ва маҳз ҳамин сохтори низомиро барои хизмат интихоб кардаанд”.
Сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ барои қабулу ҷобаҷогузории наваскарон бевосита машғул буда, аз воридшавӣ то охирон нуқтаи будубош, яъне ҷойи хоб онҳоро назорат ва ҳайати шахсии марказро барои пурсамар гузаронидани курси ибтидоии ҳарбӣ роҳнамоӣ мекунад. Ҳамчунин барои аз рӯзи аввали хизмат ба таълиму тарбияи ҳарбӣ фаро гирифтани наваскарон афсарону сержантони болаёқатро интихоб намуда, раванди омӯзиш, тартиби муқарраргардидаи пешбурди хизмат ва дигар шароиту имкониятҳои марказро бевосита назорат мебарад.
130 -Аз рӯзи ворид шудани наваскарон ба хизмати ҳарбӣ мо маҷмуи чорабиниҳои асосиро амалӣ менамоем. Ба ҳар як наваскар алакай суҳбатҳои фардӣ гузаронида, сатҳи дониш, қобилияту тахассуси онҳоро муайян мекунем. Ҳамчунин наваскарон дар ҳайти гурӯҳ ба омӯзиш ва машғулиятҳои ибтидоии хизмати ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд. Кор бо наваскарон мураккаб буда, масъулиятро тақозо мекунад,-мегӯяд полковники гвардия Олим Раҳимзода, сардори Маркази тайёрии кадрҳо.
Қобили зикр аст, ки раванди ҷобаҷогузории наваскарон, ба таълими ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифтани онҳо ва ба савганди ҳарбӣ омода шудани наваскарон то охири моҳи май идома хоҳад ёфт.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.